Сохтмони манзилҳои сокинони аз офат осебдидаи Ванҷ то моҳи ноябр анҷом меёбад

Дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ баъди ифтитоҳи пули мошингузар аз болои дарёи Ванҷоб дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Ғуҷовасти ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷо президенти мамлакат дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ ба оғози фаъолияти сехи […]

ASIA-Plus



Дар

доираи сафари корӣ ба ВМКБ

баъди ифтитоҳи пули мошингузар аз болои дарёи Ванҷоб дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Ғуҷовасти ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷо президенти мамлакат дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ ба оғози фаъолияти сехи коркарди ангат асос гузошт.

Тавре маълум гардид, корхонаи коркарди ангат бо пешниҳоди як тан бонуи кордон Ғафурова Васила, ки зимни як сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ванҷ дархост гардида буд, тибқи супориши сарвари давлат бо харҷи 167 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои гранти президентӣ барои занони соҳибкори ВМКБ бунёд гардида, Акнун дар корхона 6 нафар ба таври доимӣ ва дар мавсими пухтани ангат бошад, то 25 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

Баъди ифтитоҳи корхонаи коркарди ангат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Вишхарваки ҷамоати Рованд ташриф оварда, Маҷмааи туристию истеҳсолии “Ванҷи боло”-ро дар деҳаи Вишхарвак ифтитоҳ намуд.

Дар Маҷмаа, ки аз ҷониби Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Рухом” бо харҷи беш аз 1 миллиону 750 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст,ошхона, толори конфронс бо 30 ҷойи нишаст, меҳмонхона бо 20 ҷойи хоб ва 1 истироҳатгоҳ мавҷуд аст. Дар ҳамин маҷмааи туристию истеҳсолии Ванҷи боло имкони бунёди корхонаи коркарди меваҷот дар назар аст ва бо бунёди он шумораи зиёди сокинони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Баъди кушодани Маҷмааи туристию истеҳсолии “Ванҷи боло” дар ҳамин ҷо президенти мамлакат дар назди сокинону фаъолони ноҳияи Ванҷ суханронӣ карда, бо онҳо сӯҳбати самимӣ доир намуд.

Дар оғози суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон аз ҳодисаи фоҷеабори рӯзи 20 июли соли ҷорӣ рухдода, ки боиси хисороти зиёди молӣ ва ҳалокати 6 нафар сокини ноҳия гардида буд, ёдовар шуда, бори дигар ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони фавтидагон тасаллияту ҳамдардии амиқ баён намуд.

Сарвари давлат изҳор дошт, ки масъалаи фароҳам овардани шароити зиндагии сокиноне, ки дар натиҷаи офати табиӣ зарар дидаанд, инчунин сари вақт барқарор кардани иншооти харобшуда дар маркази диққати роҳбари давлат қарор дорад.

Президенти мамлакат, аз супоришҳое, ки зимни маҷлиси фаврии Ҳукумати мамлакат оид ба барқарор кардани манзили зисти осебдидагон ва расондани кӯмаки моддию маънавӣ дода буд, ёдовар шуда, иброз дошт, ки ҳамаи манзилҳои сокинон то рӯзи 6-уми ноябри соли 2015 сохта ва ба соҳибонашон супорида мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.