Сафари кории президенти Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон субҳи имрӯз бо ифтитоҳи пули нав дар роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ дар мавзеи Сурхсангови ноҳияи Ванҷ оғоз гардид.
Ин пули мошингузар дар мудати камтар аз як сол аз ҷониби мутахассисони Чин бунёд гардида, иқтидори борбардориаш 100 тонна, дарозиаш 145 метр ва бараш 10,5 метр аст. Ба сохтмони пули мазкур бар асоси созишнома бо Вазорати нақлиёти Чин 4 млн. 306 ҳазор доллари ИМА маблағ масраф шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи пули нав президенти мамлакат ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ дастур дод, ки ҷиҳати ифтитоҳ кардани роҳҳои басташуда бар асари офатҳои табиӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешида, дар бораи натиҷаҳои он маълумот дода шавад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар дастуру супориш дод, ки ба корҳои таҳияву омодасозии лоиҳаҳои сохтмони пулҳои нав дар вилоят суръат бахшанд.



