Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» рӯзи 27 июл дар торнамои худ
муроҷиатномаи сокинони ноҳияи Файзободро
интишор намуд, ки дар он ҳамдиёрони раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аз раҳбарияти ҳизб дархост мекунанд, ки ҳарчи зудтар фаъолияти он қатъ карда шавад.
Дар муроҷиатнома қайд мешавад, ки дар замони ҷаҳонишавии босуръат қувваҳое низ амал менамоянд, ки ба ваҳдату ягонагии миллат халал ворид намуда, фарзандони як оила, сокинони як маҳалро ба ҳизбу гурӯҳҳои гуногун талқин менамоянд ва дар ниҳояти кор монеи пешрафту субботу оромӣ мегарданд.
Сокинони Файзобод дар муроҷиати худ таъкид месозанд, ки 99 дарсади сокинони ҷумҳурӣ мусулмонанд ва аксарияти кулл шомили як мазҳаб – мазҳаби ҳанафӣ буда, миёни ҳам ихтилофе надоранд ва аз гузаштагон дар давоми беш аз 1100 сол медонем, ки дар ислом ягон ҳизбе вуҷуд надошт ва мусалмононро мутаҳид намекард.
«Ҳизби наҳзати ислом дар солҳои мавҷудияти худ дар ҷумҳурӣ ягон амали неке, ки боиси пешравӣ ва шукуфоии кишвар гардида бошад, содир накардааст. Баръакс он боиси ба гурӯҳу табақаҳо тақсим намудани намояндагони як дину мазҳаб гардида, роҳбарони ҳизб ҳамеша ба бечоранолию паст задании обрӯву эътибори давлату миллат машғуланд. Раиси ҳизби номбурда Муҳиддин Кабирӣ зодаи диёр мост, аммо боре амали неки ҳизб ва роҳбаронашро дар беҳбудии ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум надидаем ва эҳсос накардаем», – омадааст дар муроҷиатнома.
Дар идома зикр мегардад, ки интихоботи парлумонии моҳи феврали соли равон возеҳу равшан нишон дод, ки Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон миёни сокинони мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи мо, эътибору манзалате надорад ва 99 фисади интихобкунандагон ин ҳизбро дастгирӣ намекунанд.
«Аз ин рӯ, мо бо ифодаи қарзи фарзандиву имонии худ ба Раёсати ҲНИТ муроҷиат намуда, талаб менамоем, ки ба хотири рушди минбаъдаи кишвар, муттаҳидии сокинони он, ояндаи дурахшони фарзандонамон ва поку беолоиш нигоҳ доштани дини мубини ислом фаъолияти ҳизби хешро ҳарчӣ зудтар қатъ намоянд», – баён мегардад дар фароҷоми муроҷиатнома.



