Ҳалокати ду пиёдагарди ноболиғ дар садамаҳои нақлиёт

Бар асари садамаҳои нақлиёти шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои мошингарди кишвар ду пиёдагарди ноболиғ ба ҳалокат расиданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, нимаи дуюми рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 31-солаи сокини ш. Истаравшан ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ленини шаҳри Истаравшан, дар рӯ ба рӯи бозори марказӣ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди […]

ASIA-Plus



Бар асари садамаҳои нақлиёти шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои мошингарди кишвар ду пиёдагарди ноболиғ ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, нимаи дуюми рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 31-солаи сокини ш. Истаравшан ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ленини шаҳри Истаравшан, дар рӯ ба рӯи бозори марказӣ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ, писарбачаи 12-солаи сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст, ки дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, дар ин рӯз ҳамчунин ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 23-солаи сокини шахри Хуҷанд ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ писарчаи 9-солаи сокини ҷамоати мазкурро пахш намудааст, ки дар натиҷа ноболиғ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамин рӯз боз чунин як ҳодисаи нохуш дар ҳудуди ноҳияи Ҳисор ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он як нафар ҳалок ва як нафари дигар бистарӣ гардидааст.

Тахминан соати 10:00-дақиқаи ҳамин рӯз трактори тамғаи “МТЗ-80”, таҳти идораи ронанда, марди 22-солаи сокини ноҳияи Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Душанбе-Ҳисор-Турсунзода”, дар ҳудуди деҳаи Мортеппа, чархи ақиби тарафи рости ядакаш ҷудо шуда, ба сари ронандаи автомашинаи тамғаи “Нексия”, марди 23-солаи сокини ноҳияи Ҳисор, ки аз қафояш ҳаракат мекард, задааст. Дар натиҷа ронанда, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта ба ҳалокат мерасад. Баъди ин, чархи мазкур ҳамчунин ба дасти мусофири ҳамин автомашина зани 50-солаи сокини ҳамин ноҳия задааст, ки дар натиҷа зан ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.