Бунёди майдонҳо барои кӯдакон назди манзилҳои навсохт таҳти назорати раиси пойтахт

Раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев бунёди майдончаҳои бозӣ ва истироҳат барои кӯдакон дар назди манзилҳои навсохтро таҳти назорати худ мегирад. Зимни нишасти хабарии имрӯза муовини раиси пойтахт Ашӯрбек Расулов дар ин робита изҳор намуд, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев ба раисони ноҳияҳои шаҳр дастур додааст, ки майдончаҳо барои бозии кӯдакони ҳанӯз замони шӯравӣ бунёдшударо барқарор намоянд ва 10 […]

Мавзуна Абдуллоева



Раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев бунёди майдончаҳои бозӣ ва истироҳат барои кӯдакон дар назди манзилҳои навсохтро таҳти назорати худ мегирад.

Зимни нишасти хабарии имрӯза муовини раиси пойтахт Ашӯрбек Расулов дар ин робита изҳор намуд, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев ба раисони ноҳияҳои шаҳр дастур додааст, ки майдончаҳо барои бозии кӯдакони ҳанӯз замони шӯравӣ бунёдшударо барқарор намоянд ва 10 рӯз қабл назди ҳукумати шаҳр як сохтор таъсис дода шудааст, ки ба бунёди майдончаҳои нав барои кӯдакон ва барқарор кардани майдончаҳои вайроншуда машғул мешавад.

«Ғайр аз ин, бо супориши раиси пойтахт айни замон дар тамоми ноҳияҳои шаҳр 69 майдонча барои кӯдакон сохта шуда истодааст, ки барои сохтмони ҳар кадоме аз онҳо аз буҷети шаҳр 500-600 ҳазор сомонӣ ҷудо мегардад», – гуфт муовини раиси шаҳр.

Ба гуфтаи ӯ, минбаъд тамоми ширкатҳои сохтмонӣ бунёди майдончаҳо барои кӯдакон дар назди манзилҳои навсохтро бояд ба инобат гиранд, вагарна барои сохтмон иҷозатнома дода намешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.