Даргузашти собиқ вазири корҳои дохилӣ Мамадаёз Навҷувонов



Собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал- майор Мамадаёз Навҷувонов нимаи дуюми рӯзи 28 июл пас аз бемории тӯлонӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Рӯзи 3 август марҳум ба синни 73-солагӣ мерасид.

Ба гуфтаи хешону наздикони генерал, тайи се моҳи ахир марҳум аз беморӣ азият мекашид ва таҳти муолиҷа қарор дошт.

Шоми рӯзи 28 июл ҷасади марҳум ба зодгоҳаш – деҳаи Манеми ноҳияи Шуғнони ВМКБ фиристода шуд.

Мамадаёз Навҷуовон соли 1942 дар ба дунё омада, пас аз хидмати ҳарбӣ дар соли 1966 Омӯзишгоҳи олии ҳарбии ба номи Дзержинскийи Саратовро хатм кард. Соли 1979, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи олии ҳарбӣ-сиёсии Ленинград ба Тоҷикистон фиристода шуд.

Дар ин ҷо аз фармондеҳи дастаи нерӯҳои умури дохилӣ то вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Шӯравӣ расид. Давраи вазирии ӯ, солҳои 1989 – 1992 ба мушкилтарин марҳилаҳои Тоҷикистон, замони нооромиҳои сиёсӣ ва оғози ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 рост омад.

Дар давраи ҷанги дохилӣ Мамадаёз Навҷувонов асосан дар Бадахшон ба сар бурда, соли 1998 ба Душанбе баргашт.

spot_imgspot_img

Популярное