Даргузашти собиқ вазири корҳои дохилӣ Мамадаёз Навҷувонов

Собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал- майор Мамадаёз Навҷувонов нимаи дуюми рӯзи 28 июл пас аз бемории тӯлонӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Рӯзи 3 август марҳум ба синни 73-солагӣ мерасид. Ба гуфтаи хешону наздикони генерал, тайи се моҳи ахир марҳум аз беморӣ азият мекашид ва таҳти муолиҷа қарор дошт. Шоми рӯзи 28 июл […]

Пайрав Чоршанбиев



Собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал- майор Мамадаёз Навҷувонов нимаи дуюми рӯзи 28 июл пас аз бемории тӯлонӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Рӯзи 3 август марҳум ба синни 73-солагӣ мерасид.

Ба гуфтаи хешону наздикони генерал, тайи се моҳи ахир марҳум аз беморӣ азият мекашид ва таҳти муолиҷа қарор дошт.

Шоми рӯзи 28 июл ҷасади марҳум ба зодгоҳаш – деҳаи Манеми ноҳияи Шуғнони ВМКБ фиристода шуд.

Мамадаёз Навҷуовон соли 1942 дар ба дунё омада, пас аз хидмати ҳарбӣ дар соли 1966 Омӯзишгоҳи олии ҳарбии ба номи Дзержинскийи Саратовро хатм кард. Соли 1979, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи олии ҳарбӣ-сиёсии Ленинград ба Тоҷикистон фиристода шуд.

Дар ин ҷо аз фармондеҳи дастаи нерӯҳои умури дохилӣ то вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Шӯравӣ расид. Давраи вазирии ӯ, солҳои 1989 – 1992 ба мушкилтарин марҳилаҳои Тоҷикистон, замони нооромиҳои сиёсӣ ва оғози ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 рост омад.

Дар давраи ҷанги дохилӣ Мамадаёз Навҷувонов асосан дар Бадахшон ба сар бурда, соли 1998 ба Душанбе баргашт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.