С. Аслов: Аз таҳримҳо алайҳи Русия нигаронем

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз таҳримҳои ҷоришуда алайҳи Русия нигарон буда, дар сатҳи дипломатӣ исрор хоҳад варзид, то ки мавқеъи Тоҷикистон ба инобат гирифта шавад. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов зимни нишасти хабарии рӯзи 28 июл дар ин робита изҳор намуд, ки таҳримҳои ҷоришуда нисбати Русия таҳримҳо алайҳи тамоми кишварҳои узви ИДМ мебошанд. «Аз […]

Меҳрангез Турсунзода



Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз таҳримҳои ҷоришуда алайҳи Русия нигарон буда, дар сатҳи дипломатӣ исрор хоҳад варзид, то ки мавқеъи Тоҷикистон ба инобат гирифта шавад.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов зимни нишасти хабарии рӯзи 28 июл дар ин робита изҳор намуд, ки таҳримҳои ҷоришуда нисбати Русия таҳримҳо алайҳи тамоми кишварҳои узви ИДМ мебошанд.

«Аз рӯзи нахусти ҷорӣ шудани ин таҳримҳо мо дар чорабиниҳои гуногун мавқеъи худро оид ба муқобил буданамон изҳор намуда будем. Русия шарики стратегии мост ва ҳама гуна таҳрим нисбати ин кишвар, ки ба заъиф гардидани як бахше аз иқтисод боис мегарданд, барои кишвари мо ҳам таъсири манфӣ мерасонад», – қайд кард Аслов.

Ба гуфтаи ӯ, аз як тараф ин ба коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон ба оилаҳояшон боис гардида, аз ҷониби дигар, дар муомилоти мол бо Тоҷикистон Русия мақоми аввал дорад ва аз ин лиҳоз, ҳама гуна таҳримҳо ба муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо Русия таъсир мерасонанд.

«Ҳанӯз аз замони шӯравӣ мо бо Русия робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорем. Аз ин рӯ, ба ҷорӣ шудани таҳримҳо назари манфӣ дошта, дар сатҳи дипломатӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ба садои мо низ шарикон аз Ғарбу Шарқ гӯш диҳанд», – гуфт Аслов.

Қобили зикр аст, ки таҳримҳои ҷоришуда алайҳи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири назаррас гузоштанд. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, танҳо семоҳаи аввали соли 2015 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеъӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба андозаи 44% ё худ 364 млн. доллари ИМА кам шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.