– Кормандони Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт намуда, аз онҳо беш аз 20 кило маводи мухаддири афюн мусодира карданд, – иттилоъ медиҳад хабаргузории Интерфакс имрӯз, 30 июл.
«Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ муайян карда шудааст, ки аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи машғул ба муомилоти ғайриқонуниии маводи мухаддир 20,6 кило афюнро бо нархи 2,5 ҳазор доллари ИМА барои 1 кило дар қаламрави вилояти Самарқанд фурӯхтанӣ будаанд», – қайд мешавад дар хабар.
Гуфта мешавад, кормандони Хадамоти амнияти миллии кишвари ҳамсоя ҳамчунин як сокини вилояти Самарқандро низ боздошт намудаанд, ки шаҳрвандони тоҷики боздоштшударо ҳамроҳӣ мекардааст ва барои транзити маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон масъул будааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Бино ба маълумоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, давоми 6 моҳи соли равон 202 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар хориҷи кишвар боздошт шудаанд.



