М.Убайдуллоев: Тоҷикистон аз дастовардҳои Эрон хушнуд аст



Рӯзи 29 июли соли 2015 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумхурии Точикистон Махмадсаид Убайдуллоев Раиси Комиссияи Мачлиси Шӯрои Исломӣ, Раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумхурии Исломии Эрон доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одилро, ки ба кишварамон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Конференсияи илмӣ доир ба масъалаҳои истилоҳот ва вожасозӣ ташриф овардааст, бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз Шӯъбаи робитаҳои байнипарламентии Дастгоҳи палатаи болоии парлумони ҶТ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқоти самимӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаноби доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил ва ҳайати ҳамроҳонашро сидқан шодбош гуфта, ташрифи феълӣ, ки баҳри густариши робитаҳои мутақобилан судманди миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон нигаронида шударо нек арзёбӣ намуда, зикр кард, ки ҳарду кишвари дӯст имкон доранд дар марҳилаи кунунии муносибатҳо аз нерӯҳои воқеан мавҷудаи тарафҳо истифода намуда, амалисозии барномаҳои муштараки парламентӣ ва иқтисодию тиҷоратиро таҳким бахшанд.

Раиси Маҷлиси миллӣ қайд намуданд, ки мо аз дастовардҳо ва афзудани нуфузи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша хушнуд ҳастем. Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси Шӯрои Исломӣ доимо дар мукотибот буда, баҳри густариши робитаҳои байнипарламентӣ тадбирҳои пайваста меандешад. Дар ин самт нақши гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории ҷонибҳо муассир буда, итминони комил дорем, ки саҳми он дар оянда боз ҳам афзунтар хоҳад гашт.

Доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил қаноатмандии хешро аз истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иброз намуда, ба ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни кишварҳо, хусусан муносибатҳои байнипарламентӣ баҳои баланд дода, афзуд, ки кишварашон ҳозир аст дар тамоми соҳаҳо бо Тоҷикистон ҳамкориҳои судманд дошта бошад.

 

spot_imgspot_img

Популярное