Тӯли 2 сол ТАЛКО истеҳсоли алюминийро қариб ду маротиба зиёд мекунад

Тӯли 2 соли оянда Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалияро қариб ду маротиба зиёд мекунад. Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки то охири сол ширкат 190 ҳазор тонна алюминий истеҳсол карданист, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта (соли 2014 – ҳудуди 125 […]

Пайрав Чоршанбиев



Тӯли 2 соли оянда Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалияро қариб ду маротиба зиёд мекунад.

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки то охири сол ширкат 190 ҳазор тонна алюминий истеҳсол карданист, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта (соли 2014 – ҳудуди 125 ҳазор тонна) тақрибан 52% зиёдтар аст.

Вазир қайд кард, ки соли оянда раҳбарияти корхона ният дорад, ки ҳаҷми истеҳсоли алюминийи аввалияро то ба 270 ҳазор тонна расонад.

Ӯ таъкид дошт, ки айни замон ТАЛКО дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷии худ ба азнавсозии таҷҳизоти корхона машғул аст. «Агар тадбирҳои пешбинишудаи раҳбарияти корхона амалӣ шаванд, иҷрои нақшаҳои минбаъда комилан имконпазиранд», – гуфт ӯ.

Ба қавли вазир, нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар корхона 64 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,6% бештар мебошад.

Дар ҳамин ҳол, қаблан зимни нишасти хабарӣ Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон

Шавкат Бобозода изҳор намуда буд,

ки давоми ним сол дар ин корхона тақрибан 72 ҳазор тонна (ҳамин давраи соли 2014 – каме бештар аз 70 ҳазор тонна) алюминии аввалия истеҳсол шудааст.

Ёдрас мекунем, ки ТАЛКО 

бори нахуст тайи солҳои ахир

 ҳаҷми содироти алюминийро зиёд кард. Сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдуфаттоҳ Ғоиб дар ин робита иттилоъ дод, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 109 млн. доллари ИМА 61,2 ҳазор тонна алюминийро ба хориҷи кишвар интиқол додааст.а, нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи ҳудуди 109 млн. доллари ИМА 61,2 ҳазор тонна алюминийро ба хориҷи кишвар интиқол додааст.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир дар ТАЛКО тамоили коҳиши истеҳсоли алюминий ба мушоҳида мерасад. Ҳамин тариқ, дар ТАЛКО соли 2007 – 419; соли 2008 – 400; соли 2009 – 360; соли 2010 – 348; соли 2011 – ҳудуди 290; соли 2012 – 275; соли 2013 – беш аз 218 ва соли 2014 – ҳудуди 125 ҳазор тонна алюминий истеҳсол шуд.

Аввали соли равон ҳукумати Тоҷикистон аз раҳбарияти ТАЛКО талаб кард, ки ба афзоши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот муваффақ шаванд.

Нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода зикр кард, ки ҳукумат мунтазам ширкатро дастгирӣ намуда, барояш бисёр имтиёзҳо пешниҳод мекунад, вале аз истеҳсоли алюминий дар ҳаҷми 125 ҳазор тонна дар соли гузашта қаноатманд нест. «Мо хостори онем, ки ҳамасола 300-400 ҳазор тонна алюминий истеҳсол шавад», – гуфт ӯ.

Дар навбати худ 

раҳбарияти ТАЛКО ба нахуствазир ваъда дод

, ки дар муқоиса бо соли гузашта имсол ҳаҷми истеҳсоли алюминий 50 ҳазор тонна (40%) зиёд гардида, то 175 ҳазор тонна расонида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.