М.Убайдуллоев: Тоҷикистон аз дастовардҳои Эрон хушнуд аст

Рӯзи 29 июли соли 2015 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумхурии Точикистон Махмадсаид Убайдуллоев Раиси Комиссияи Мачлиси Шӯрои Исломӣ, Раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумхурии Исломии Эрон доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одилро, ки ба кишварамон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Конференсияи илмӣ доир ба масъалаҳои истилоҳот ва вожасозӣ ташриф овардааст, бо хоҳиши ӯ ба […]

Иттилоияи расмӣ



Рӯзи 29 июли соли 2015 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумхурии Точикистон Махмадсаид Убайдуллоев Раиси Комиссияи Мачлиси Шӯрои Исломӣ, Раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумхурии Исломии Эрон доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одилро, ки ба кишварамон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Конференсияи илмӣ доир ба масъалаҳои истилоҳот ва вожасозӣ ташриф овардааст, бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз Шӯъбаи робитаҳои байнипарламентии Дастгоҳи палатаи болоии парлумони ҶТ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқоти самимӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаноби доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил ва ҳайати ҳамроҳонашро сидқан шодбош гуфта, ташрифи феълӣ, ки баҳри густариши робитаҳои мутақобилан судманди миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон нигаронида шударо нек арзёбӣ намуда, зикр кард, ки ҳарду кишвари дӯст имкон доранд дар марҳилаи кунунии муносибатҳо аз нерӯҳои воқеан мавҷудаи тарафҳо истифода намуда, амалисозии барномаҳои муштараки парламентӣ ва иқтисодию тиҷоратиро таҳким бахшанд.

Раиси Маҷлиси миллӣ қайд намуданд, ки мо аз дастовардҳо ва афзудани нуфузи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша хушнуд ҳастем. Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси Шӯрои Исломӣ доимо дар мукотибот буда, баҳри густариши робитаҳои байнипарламентӣ тадбирҳои пайваста меандешад. Дар ин самт нақши гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории ҷонибҳо муассир буда, итминони комил дорем, ки саҳми он дар оянда боз ҳам афзунтар хоҳад гашт.

Доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил қаноатмандии хешро аз истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иброз намуда, ба ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни кишварҳо, хусусан муносибатҳои байнипарламентӣ баҳои баланд дода, афзуд, ки кишварашон ҳозир аст дар тамоми соҳаҳо бо Тоҷикистон ҳамкориҳои судманд дошта бошад.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.