Рӯзҳои 2-5 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи 8-уми Кумитаи осиёии кишварҳои Осиёи миёна ва Корея оид ба «Санъати афсонагӯӣ» баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, дар кори Ҷаласа коршиносон аз Ҷумҳурии Корея, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Аъзоёни Кумита ба мувофиқа расиданд, ки дар кори ҷаласа бо муалифони ҳикояҳои минтақаҳо дар бораи таҳия ва нашри китобҳои тасвирӣ ҳамкорӣ менамоянд.
Ҳамзамон иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати муаррифии мероси ғанӣ ва ягонаи мардуми Осиё Фестивал- озмуни «Санъати афсонагӯӣ» баргузор намоянд.
Кумита кушодашавии Маркази фарҳангии Осиёро дар шаҳри Гуанджуи Ҷумҳурии Корея, ки маросими ифтитоҳи кушодашавии моҳи сентябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, қабул кард.
Ҳамзамон, зимни вохӯрии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштирокчиёни ҷаласаи 8-уми «Санъати афсонагӯӣ» маросими баимзорасонии Протокол аз натиҷаи ҷаласа ва табодули тақдими туҳфаҳо сурат гирифт.



