Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди солоҳиятдор оид ба ташкили ҳаҷ иттилоъ медиҳад, ки ҳама гуна сару садоҳо оид ба сафарбарнамоии шаҳрвандон ба “ҳаҷи хайрия”, ки гӯё аз ҷониби ашхоси “хайрхоҳ” анҷом дода мешавад, беасос мебошад.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии Кумитаи мазкур, рӯзҳои охир аз ҷониби гурӯҳ ё афроди алоҳида овозаҳое доир ба сафарбар намудани шаҳрвандон ба “ҳаҷи хайрия” ба миён омада буд, ки миёни мардум нофаҳмиҳоро ба вуҷуд овард.
«Аз ин лиҳоз, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин – Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки ба чунин овозаҳои дурӯғин дода нашаванд, то ба доми фиреби қаллобон наафтанд, зеро кишвари Арабистони Саудӣ танҳо ба мақомоти давлатии танзимкунандаи сафари зоирон ба ҳаҷ иҷозаи сафарбарнамоии ҳоҷиён ба мавсими ҳаҷро додааст», – омадааст дар маълумоти Кумита.
Гуфта мешавад, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумат ҳаққи ташкили ҳаҷ ва сафарбарнамоии зоирон ба Арабистони Саудиро дорад.
Қобили зикр аст, ки имсол 6 ҳазору 300 шаҳрванди Тоҷикистон ба зиёрати макони муқаддаси Ислом мушарраф мегарданд. Арзи ҳаҷҷи имсолаи тоҷикистониён ҳудуди 23 ҳазор сомонӣ ё тақрибан 3 ҳазору 800 доллари ИМА мукаррар шудааст. Соли гузашта арзиши адои маросими ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 18 ҳазору 165 сомонӣ ё худ 3 ҳазору 650 доллари ИМА-ро ташкил дода буд.
Ҳамчунин мебояд гуфт, имсол ҳукуматдорони Тоҷикистон ба синнусоли зоирин низ маҳдудият ҷорӣ карданд ва шаҳрвандони синни то 35-сола аз ҳуқуқи адои маросими ҳаҷ маҳрум карда шуданд. Ҳадафи қабули ин қарорро «эҳтиром гузоштан ба афроди калонсолу пирон, ки орзуи зиёрати Хонаи Худоро доранд», шарҳ дода буданд.



