Ҳукумат шаҳрвандонро ба бовар накардан ба овозаҳои «ҳаҷи хайрия» даъват мекунад

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди солоҳиятдор оид ба ташкили ҳаҷ иттилоъ медиҳад, ки ҳама гуна сару садоҳо оид ба сафарбарнамоии шаҳрвандон ба “ҳаҷи хайрия”, ки гӯё аз ҷониби ашхоси “хайрхоҳ” анҷом дода мешавад, беасос мебошад. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Кумитаи мазкур, рӯзҳои охир […]

ASIA-Plus



Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди солоҳиятдор оид ба ташкили ҳаҷ иттилоъ медиҳад, ки ҳама гуна сару садоҳо оид ба сафарбарнамоии шаҳрвандон ба “ҳаҷи хайрия”, ки гӯё аз ҷониби ашхоси “хайрхоҳ” анҷом дода мешавад, беасос мебошад.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Кумитаи мазкур, рӯзҳои охир аз ҷониби гурӯҳ ё афроди алоҳида овозаҳое доир ба сафарбар намудани шаҳрвандон ба “ҳаҷи хайрия” ба миён омада буд, ки миёни мардум нофаҳмиҳоро ба вуҷуд овард.

«Аз ин лиҳоз, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин – Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки ба чунин овозаҳои дурӯғин дода нашаванд, то ба доми фиреби қаллобон наафтанд, зеро кишвари Арабистони Саудӣ танҳо ба мақомоти давлатии танзимкунандаи сафари зоирон ба ҳаҷ иҷозаи сафарбарнамоии ҳоҷиён ба мавсими ҳаҷро додааст», – омадааст дар маълумоти Кумита.

Гуфта мешавад,  аз Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумат ҳаққи ташкили ҳаҷ ва сафарбарнамоии зоирон ба Арабистони Саудиро дорад.

Қобили зикр аст, ки имсол 6 ҳазору 300 шаҳрванди Тоҷикистон ба зиёрати макони муқаддаси Ислом мушарраф мегарданд. Арзи ҳаҷҷи имсолаи тоҷикистониён ҳудуди 23 ҳазор сомонӣ ё тақрибан 3 ҳазору 800 доллари ИМА мукаррар шудааст. Соли гузашта арзиши адои маросими ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 18 ҳазору 165 сомонӣ ё худ 3 ҳазору 650 доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Ҳамчунин мебояд гуфт, имсол ҳукуматдорони Тоҷикистон ба синнусоли зоирин низ маҳдудият ҷорӣ карданд ва шаҳрвандони синни то 35-сола аз ҳуқуқи адои маросими ҳаҷ маҳрум карда шуданд. Ҳадафи қабули ин қарорро «эҳтиром гузоштан ба афроди калонсолу пирон, ки орзуи зиёрати Хонаи Худоро доранд», шарҳ дода буданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.