ҲХДТ сабабҳои пайвастани ҷавонон ба сафҳои террористонро меомӯзад

Бахши ҷавонони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» ояндаи наздик дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар дар мавзӯи « Сабабҳо ва омилҳои пайвастани ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро ва террористӣ» мизҳои гирд барпо мекунад. Сухангӯи ҲХДТ Усмон Солеҳ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба ин чорабиниҳо коршиносон, сиёсатшиносон, ҷомеашиносон, кормандони […]

Аваз Юлдошев



Бахши ҷавонони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» ояндаи наздик дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар дар мавзӯи « Сабабҳо ва омилҳои пайвастани ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро ва террористӣ» мизҳои гирд барпо мекунад.

Сухангӯи ҲХДТ Усмон Солеҳ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба ин чорабиниҳо коршиносон, сиёсатшиносон, ҷомеашиносон, кормандони мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ва ходимони дин ҷалб хоҳанд шуд.

«Ба мизҳои гирди ноҳияҳое, ки сокинони он дар сафҳои созмонҳои террористӣ ба мисли ДИИШ меҷанганд, волидон ва дӯстону наздикони онҳо даъват мешаванд»,- гуфт вай.

Ба қавли номбурда, баргузории мизи гирди нахустин дар ин мавзӯъ санаи 12 август дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст. «Аз рӯи маводу хулосаҳои ҷамъшуда аз ин чорабиниҳо ҲХДТ сиёсати нави худ оид ба кор ҷавононро таҳия мекунад», – афзуд ӯ.

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли 2011 таъсис дода шуда, моҳи ноябри ҳамин сол дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 30 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 52 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он ҳудуди 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.