Боздошти сокини пойтахт барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ

Рӯзи 5 август дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ дастгир карда шуд. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, гумонбаршуда аз моҳи май то инҷониб дар нуқтаи мубодилаи асъор, воқеъ дар бозори “Корвон”, ҳамчун хазинадор ғайриқонунӣ ба фаъолияти […]

ASIA-Plus



Рӯзи 5 август дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ дастгир карда шуд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, гумонбаршуда аз моҳи май то инҷониб дар нуқтаи мубодилаи асъор, воқеъ дар бозори “Корвон”, ҳамчун хазинадор ғайриқонунӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ, бидуни бақайдгирӣ ва иҷозатномаи махсус ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ба миқдори калон машғул шудааст.

Гуфта мешавад, инчунин гумонбаршуда барои анҷом додани амалиёти ҳаррӯзааш аз бонк 50000-сомонӣ гирифта, бо ин қонеъ нашуда аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ 31815-доллари ИМА, 1477800-рубли ФР, 8000-Эвро, 582-юани ҶХХ ва 11343-сомониро ғайриқонунӣ ба муомилот баровардааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Қобили зикр аст, ки дар вохӯрӣ бо журналистон рӯзи 31 июл прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар мавриди ин масъала изҳор намуда буд, ки давоми 6 моҳи соли ҷорӣ барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ 70 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.