Баъзе тавофуқҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи муноқишаи марзӣ



– Комиссияҳои таъсисдодашудаи Тоҷикистону Қирғизистон роҳу воситаҳои ҳаллу фасли муноқиша миёни сокинони ноҳияҳои наздимарзии ҳарду кишварро баррасӣ мекунанд, – иттилоъ дода мешавад дар


сомонаи расмии


ҳукумати Қирғизистон.

«Айни замон вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба эътидол оварда шуда, пас аз вохӯрии намояндагони сохторҳои қудратӣ ва ҳокимияти маҳаллии ҳарду кишвар мардум пароканда шуданд, аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷонибҳо бо реҷаи пурзӯри адои хизмат фаъолият доранд. Ҳамчунин корҳои ҳисобу китоби зиёни расида бар асари муноқиша ҷараён дошта, бо мақсади ошкор ва ба муҷозот кашидани шахсони гунаҳкор дар ин муноқиша тафтишот гузаронида шуда истодааст», – қайд кардааст муовини нахуствазири Қирғизистон Абдураҳмон Маматалиев.

Ӯ таъкид доштааст, ки гурӯҳҳои кории махсуси таъсисёфта дар сатҳи ҳукуматҳои ҳарду кишвар ба маҳаллӣ ҳодиса омада, бо аҳолии минтақаи наздимарзӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд. «Зимни вохӯриҳо сабаб ва воситаҳои имконпазири ҳаллу фасли ин мушкилот миёни сокинони ноҳияҳои наздимарзии Қирғизистону Тоҷикистон баррасӣ мешаванд», – иброз доштааст Маматалиев.

Дар маълумоти ҳукумати кишвари ҳамсоя зикр мегардад, ки аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи аввали гуфтушунидҳо ҷонибҳо оид ба дар як вақт кушода шудани роҳ барои сокинон ба қабристони деҳаи Кок-Тош (Қирғизистон) ва оби ҷӯйбор (канал) ба деҳаи Чоркӯҳи Тоҷикистон ба мувофиқа расидаанд.

Қобили зикр аст, ки ҳайати Тоҷикистон дар ин гуфтушунидҳоро муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим сарварӣ мекунад.

Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта (3 август) дар яке аз қитъаҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша сар зада, ҷонибҳо ба ҳамдигар сангпартоӣ карданд. Рӯзи 4 август низ муноқиша идома ёфт. Тибқи маълумоти гуногун, дар ин муноқиша ба сурати умум аз 200 то 500 нафар иштирок доранд. Шаҳрвандони ҳарду ҷониб ҷароҳатҳо бардоштанд. 

spot_imgspot_img

Популярное