Истихроҷи беш аз 400 ҳазор тонна ангишт аз оғози сол

Ба аввали моҳи ҷорӣ ҳаҷми умумии истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18% (7 моҳи соли 2014 – тақрибан 352 ҳазор тонна) зиёдтар аст. Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, аз ҳаҷми умумии ангишти дар соли равон истихроҷшуда тақрибан […]

Пайрав Чоршанбиев



Ба аввали моҳи ҷорӣ ҳаҷми умумии истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18% (7 моҳи соли 2014 – тақрибан 352 ҳазор тонна) зиёдтар аст.

Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, аз ҳаҷми умумии ангишти дар соли равон истихроҷшуда тақрибан 352 ҳазор тоннааш аллакай ба истеъмолгарон фурӯхта шудааст.

Афзоиши ҳаҷми истихроҷ ва истифодаи ангишт дар ҷумҳуриро дар Вазорати мазкур ба ивази гази табиӣ ба истифодаи ангишт гузаштани корхонаҳои бузурги саноатӣ нисбат медиҳанд. «Шурӯъ аз соли 2007 беш аз 150 корхонаи саноатии Тоҷикистон ба истифодаи ангишт ба сифати сӯзишворӣ гузашта, ғайр аз ин, корхонаҳо бо истифодаи ангишт низ ба истифода дода шуданд», – гуфтанд дар вазорат.

Қобили зикр аст, ки айни замон аҳолии мамлакат низ яке аз истеъмолгарони сершумори ангишт ба шумор меравад. Бар асари камбуди барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон, аҳолии деҳоти кишвар барои гарм нигоҳ доштани манзилу таҳияи ғизо аз ангишт истифода мекунанд.

Тибқи маълумоти Вазорат, айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 160 корхона ба истихроҷи ангишт машғул буда, имрӯз ҳаҷми захираҳои умумии ангишт дар конҳои ангишти кишвар тақрибан 4,5 млрд. тонна арзёбӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон

тақрибан 870 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шуд,

ки нишондиҳандаи рекордӣ тӯли 34 соли ахир дар таърихи кишвар мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.