Баъзе тавофуқҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи муноқишаи марзӣ

– Комиссияҳои таъсисдодашудаи Тоҷикистону Қирғизистон роҳу воситаҳои ҳаллу фасли муноқиша миёни сокинони ноҳияҳои наздимарзии ҳарду кишварро баррасӣ мекунанд, – иттилоъ дода мешавад дар сомонаи расмии ҳукумати Қирғизистон. «Айни замон вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба эътидол оварда шуда, пас аз вохӯрии намояндагони сохторҳои қудратӣ ва ҳокимияти маҳаллии ҳарду кишвар мардум пароканда шуданд, аммо мақомоти ҳифзи […]

ASIA-Plus



– Комиссияҳои таъсисдодашудаи Тоҷикистону Қирғизистон роҳу воситаҳои ҳаллу фасли муноқиша миёни сокинони ноҳияҳои наздимарзии ҳарду кишварро баррасӣ мекунанд, – иттилоъ дода мешавад дар


сомонаи расмии


ҳукумати Қирғизистон.

«Айни замон вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба эътидол оварда шуда, пас аз вохӯрии намояндагони сохторҳои қудратӣ ва ҳокимияти маҳаллии ҳарду кишвар мардум пароканда шуданд, аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷонибҳо бо реҷаи пурзӯри адои хизмат фаъолият доранд. Ҳамчунин корҳои ҳисобу китоби зиёни расида бар асари муноқиша ҷараён дошта, бо мақсади ошкор ва ба муҷозот кашидани шахсони гунаҳкор дар ин муноқиша тафтишот гузаронида шуда истодааст», – қайд кардааст муовини нахуствазири Қирғизистон Абдураҳмон Маматалиев.

Ӯ таъкид доштааст, ки гурӯҳҳои кории махсуси таъсисёфта дар сатҳи ҳукуматҳои ҳарду кишвар ба маҳаллӣ ҳодиса омада, бо аҳолии минтақаи наздимарзӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд. «Зимни вохӯриҳо сабаб ва воситаҳои имконпазири ҳаллу фасли ин мушкилот миёни сокинони ноҳияҳои наздимарзии Қирғизистону Тоҷикистон баррасӣ мешаванд», – иброз доштааст Маматалиев.

Дар маълумоти ҳукумати кишвари ҳамсоя зикр мегардад, ки аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи аввали гуфтушунидҳо ҷонибҳо оид ба дар як вақт кушода шудани роҳ барои сокинон ба қабристони деҳаи Кок-Тош (Қирғизистон) ва оби ҷӯйбор (канал) ба деҳаи Чоркӯҳи Тоҷикистон ба мувофиқа расидаанд.

Қобили зикр аст, ки ҳайати Тоҷикистон дар ин гуфтушунидҳоро муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим сарварӣ мекунад.

Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта (3 август) дар яке аз қитъаҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша сар зада, ҷонибҳо ба ҳамдигар сангпартоӣ карданд. Рӯзи 4 август низ муноқиша идома ёфт. Тибқи маълумоти гуногун, дар ин муноқиша ба сурати умум аз 200 то 500 нафар иштирок доранд. Шаҳрвандони ҳарду ҷониб ҷароҳатҳо бардоштанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.