Идомаи гуфтушуниди Тоҷикистону Қирғизистон оид ба эътидол овардани вазъ дар марз



Нимаи дуюми рӯзи 5 август дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара вохӯрии намояндагони мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон доир гардид, ки Тоҷикистонро дар он муовини фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии ҷумҳурӣ Раҷабалӣ Пираков ва Қирғизистонро муовини сардори Хадамоти марзбонии ин кишвар Искандар Мамбеталиев намояндагӣ карданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара дар ин робита иттилоъ дод, дар гуфтушунид ҳамчунин намояндагони мақомоти умури дохилаи кишварҳо ва ҳукуматҳои маҳаллӣ низ ҳузур доштанд.

«Зикр гардид, ки вазъ дар қитъаи марз, ки рӯзҳои 3-4 август дар он миёни сокинони маҳаллии ҳард кишвар муноқиша рух дод, таҳти назорат гирифта шуда, барои таъмини амнияту оромӣ ҷонибҳо нерӯву воситаҳои кофӣ доранд», – гуфт манбаъ.

Бино ба гуфтаи манбаъ, имрӯз гуфтушунидҳо идома ёфта, дар он ҷонибҳо масъалаҳои андешидани тадбирҳо ҷиҳати минбаъд такрор нашудани чунин ҳодисаҳо дар марзи давлатиро баррасӣ мекунанд.

Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар яке аз қитъаҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша сар зада, ҷонибҳо ба ҳамдигар сангпартоӣ карданд. Рӯзи 4 август низ муноқиша идома ёфт. Тибқи маълумоти гуногун, дар ин муноқиша ба сурати умум аз 200 то 500 нафар иштирок доранд. Шаҳрвандони ҳарду ҷониб ҷароҳатҳо бардоштанд.

spot_imgspot_img

Популярное