Тоҷикистон ҳоло ҳам ба воридоти маҳсулоти ғизоӣ вобастагии зиёд дорад

Вобастагии Тоҷикистон ба воридоти маҳсулоти ғизоӣ ҳоло ҳам дар сатҳи баланд боқӣ мемонад. Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки имсол амалисозии Барномаи амнияти озуқавории кишвар ба итмом мерасад. «Ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошта тибқи ин барнома муяссар нашуда, имрӯз ҷараёни иҷрои ин барнома дар сатҳи дилхоҳ […]

Пайрав Чоршанбиев



Вобастагии Тоҷикистон ба воридоти маҳсулоти ғизоӣ ҳоло ҳам дар сатҳи баланд боқӣ мемонад.

Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки имсол амалисозии Барномаи амнияти озуқавории кишвар ба итмом мерасад.

«Ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошта тибқи ин барнома муяссар нашуда, имрӯз ҷараёни иҷрои ин барнома дар сатҳи дилхоҳ нест ва мутаассифона, феълан мо гуфта наметавонем, ки аз рӯи аксари номгӯи маҳсулоти таъиноти истеъмолӣ ҷумҳурӣ худро таъмин карда метавонад», – гуфт манбаъ.

Дар Вазорати мазкур умедворанд, ки иҷрои вазифаҳо оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар доираи Стратегияи миллии рушди дарозмӯҳлат, ки мавриди таҳия қарор дорад, имконпазир мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо, тақрибан 20% аз ҳаҷми умумии воридот ба Тоҷикистон ба маҳсулоти ғизоӣ рост меояд.

«Мо кӯшиш дорем, ки истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридоти маводи ғизоӣ аз хориҷи кишварро афзоиш диҳем, аммо барои истеҳсоли баъзе навъҳои маҳсулоти ғизоӣ дар дохили кишвар шароити мусоид мавҷуд нест. Дар навбати аввал мо бояд ба афзоиши маҳсулоти ивазкунандаи воридоти маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоем, чунки дар кишвари аграрӣ зиндагӣ мекунем», – афзуданд дар вазорат. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.