Сармураббии барканоршудаи «Хайр» базудӣ кори дигар пайдо кард

Мутахассиси шинохтаи тоҷик Тоҳир Муминов баъди аз вазифаи сармураббии дастаи “Хайр”-и Ваҳдат барканор шудан, муддати зиёде бекор намонд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, Тоҳир Муминов ба вазифаи сармураббии чемпиони дукаратаи Тоҷикистон “Равшан”-и Кӯлоб таъин шуд. Ин хабар аз ҷониби роҳбарияти клуби футболи шаҳри Кӯлоб тасдиқ гардид. Сар аз фардо мутахассиси 45-сола фаъолияташро […]

ASIA-Plus



Мутахассиси шинохтаи тоҷик Тоҳир Муминов баъди аз вазифаи сармураббии дастаи “Хайр”-и Ваҳдат барканор шудан, муддати зиёде бекор намонд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, Тоҳир Муминов ба вазифаи сармураббии чемпиони дукаратаи Тоҷикистон “Равшан”-и Кӯлоб таъин шуд. Ин хабар аз ҷониби роҳбарияти клуби футболи шаҳри Кӯлоб тасдиқ гардид.

Сар аз фардо мутахассиси 45-сола фаъолияташро дар  “Равшан”-и Кӯлоб оғоз мекунад. Рӯзи шанбеи 8 август бошад, “Равшан” дар доираи бозиҳои даври 11-уми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, дар майдони худ “Барқи тоҷик”-и Душанберо қабул мекунад.

Айни замон “Равшан” баъди 10 давр бо 17 имтиёз дар зинаи панҷуми чемпионат қарор дорад. Дастаи шаҳри Кӯлоб нисбат ба “Хуҷанд”-и Хуҷанд, ки  зинаи дуюми ҷадвали чемпионатро ишғол мекунад, ҳамагӣ шаш имтиёз кам дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.