Мувофиқаи Тоҷикистону Қирғизистон оид ба муҷозоти гунаҳкорони муноқиша дар марз

Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи муҷозоти гунаҳкорони муноқишаи рӯзҳои 3-4 август дар марз, ки бар асари он аз ҳарду ҷониб сокинони маҳаллӣ ҷароҳат бардоштанд, ба мувофиқа расиданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати шахри Исфара хабар дод, дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара рӯзҳои 5-6 август вохӯрии намояндагони мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон доир гардид, […]

Аваз Юлдошев



Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи муҷозоти гунаҳкорони муноқишаи рӯзҳои 3-4 август дар марз, ки бар асари он аз ҳарду ҷониб сокинони маҳаллӣ ҷароҳат бардоштанд, ба мувофиқа расиданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати шахри Исфара хабар дод, дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара рӯзҳои 5-6 август вохӯрии намояндагони мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон доир гардид, ки Тоҷикистонро дар он муовини фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии ҷумҳурӣ Раҷабалӣ Пираков ва Қирғизистонро муовини сардори Хадамоти марзбонии ин кишвар Искандар Мамбеталиев намояндагӣ карданд.

Ба иттилои манбаъ, дар гуфтушунид ҳамчунин намояндагони мақомоти умури дохилаи кишварҳо ва ҳукуматҳои маҳаллӣ низ ҳузур доштанд. «Ҷонибҳо ҳамчунин масоили истифодаи муштараки роҳҳо ва захираҳои обӣ дар қитъахои баҳсноки марзи давлатиро низ баррасӣ намуданд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки аз субҳи имрӯз ҷонибҳо ба баррасии масъалаҳои баҳсноки қитъаҳои замин дар ин минтақаи марз шурӯъ карда, нисбати онҳо қарорҳои дахлдор қабул мекунанд.

Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта (3 август) дар яке аз қитъаҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша сар зада, ҷонибҳо ба ҳамдигар сангпартоӣ карданд. Рӯзи 4 август низ муноқиша идома ёфт. Тибқи маълумоти гуногун, дар ин муноқиша ба сурати умум аз 200 то 500 нафар иштирок доранд. Шаҳрвандони ҳарду ҷониб ҷароҳатҳо бардоштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.