Ҳаракати нақлиёт тариқи ағбаи Оббурдон барқарор шуд

Рӯзи 5 август бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ роҳи автомобилгарди Кӯҳистони Мастчоҳ-Ғончӣ тавассути ағбаи Оббурдон расман мавриди истифода қарор гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матюуоти раиси вилояти Суғд, тавассути роҳи ағбаи Оббурдон мардуми ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва қисман ноҳияи Айнӣ ба дигар минтақаҳои вилоят рафту омад мекунанд. Аксари минтақаҳои ин роҳ дар чанд соли […]

ASIA-Plus



Рӯзи 5 август бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ роҳи автомобилгарди Кӯҳистони Мастчоҳ-Ғончӣ тавассути ағбаи Оббурдон расман мавриди истифода қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матюуоти раиси вилояти Суғд, тавассути роҳи ағбаи Оббурдон мардуми ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва қисман ноҳияи Айнӣ ба дигар минтақаҳои вилоят рафту омад мекунанд.

Аксари минтақаҳои ин роҳ дар чанд соли ахир бар асари резиши хок хароб гардида, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт хатарнок буд. Бо дастгирии Раиси вилоят барои омода намудани роҳи мазкур беш аз 100 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидаву инак роҳи мазкур аз таъмир бароварда шуд.

Роҳи ағбаи Оббурдон, ки аз солҳои 80-уми асри гузашта ба ин сӯ мавриди истифода қарор дорад, дар маҷмӯъ 50 км аст. Тавассути ин роҳ сокинони минтақаҳои кӯҳӣ аз моҳи июн то моҳи ноябр рафтуомад мекунанд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, истифодашавии роҳи мазкур барои сокинон қариб 100 километр роҳро наздик месозад.

Раиси вилоят зимни сӯҳбат бо роҳсозон таъкид намуд, ки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати ҳалли мушкилоти сокинон тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда, дар идомаи соли роҳҳои обод тасмии гирифтааст, ки имсол 3120 км роҳҳои вилоятро таъмир намояд. Маҳз бо мақсади осон намудани мушкилоти сокинон роҳи ағбаи Оббурдон низ таъмир карда шуд.

Зимни сӯҳбат аз ҷониби идораи роҳсозии вилоят барои васеъ кардани 5 гардиш ва фароҳам овардани имконияти мусоид ба ҳаракати нақлиёти боркашони калонҳаҷм гузаронидани корҳои таркишӣ дар ҳама гардишгоҳҳо пешниҳод карда шуд. Ин пешниҳодро Раиси вилоят дастгирӣ намуд. Барои иҷрои корҳои таркишӣ бо ҷалби мутахасисони соҳаи куҳкорӣ дастур дода шуд ва давоми як моҳ корҳои васеъкунӣ ба итмом расонида шуда, ағба пурра ба фаъолият оғоз менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.