Эҳтимоли барқарор шудани хатсайри ҳавоӣ байни Душанбе ва Рига

Зимни мулоқоти муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон Суҳроб Мирзоев бо муовини вазири алоқаи Латвия Уилдис Рейманис, ки ахири ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Душанбе доир гардид, имконоти дубора аз сар гирифтани парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Душанбе – Рига баррасӣ шуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, дар вохӯрӣ ҳамчунин масоили истифода аз  имкониятҳои транзитии […]

Пайрав Чоршанбиев



Зимни мулоқоти муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон Суҳроб Мирзоев бо муовини вазири алоқаи Латвия Уилдис Рейманис, ки ахири ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Душанбе доир гардид, имконоти дубора аз сар гирифтани парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Душанбе – Рига баррасӣ шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, дар вохӯрӣ ҳамчунин масоили истифода аз  имкониятҳои транзитии Тоҷикистону Латвия, интиқоли борҳо тавассути бандарҳои Латвия, омӯзиш ва табодули таҷрибаи коршиносони ду кишвар  мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, дар анҷоми мулоқот Протокол оид ба натиҷаҳои он ба имзо расид.

Ёдрас мекунем, ки парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Душанбе – Рига соли 2012 қатъ гардида буд. Ширкати ҳавопаймоии «Air Baltic»-и Латвия соли 2008 ба фаъолият дар Тоҷикистон шурӯъ намуда, бинобар сабаби билетҳои арзон писанди мардуми кишвар шуда буд.

Дар робита ба гузаштан ба реҷаи вақти зимистона ва норасоии ҳавопаймоҳо, 1 октябри соли 2010 ширкати ҳавопаймоии Латвия парвозҳо ба Тоҷикистонро боздошта, баъди як сол дубора барқарор кард.

Аммо соли 2012 «Air Baltic» тасмим гирифт, ки фаъолияти худ дар Тоҷикистонро комилан қатъ месозад. «Ба мусофирон парвоз тариқи ҳавопаймоҳои ширкати мо қулайу бароҳат буд, вале фаъолияти мо на ҳамеша ба майлу хоҳиши мусофирон вобаста аст. Айни замон мо барқарор кардани парвозҳо ба Тоҷикистонро дар нақша надорем», – гуфта буданд он замон ба «Азия-Плюс» аз ин ширкати ҳавопаймоӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.