Ходими дини ҷавони тоҷик дар Маскав захмӣ шуд

Ходими дини ҷавони тоҷик, олим дар бахши омӯзиши дини ислом Хайриддини Абдулло (Достаков) бо ҷароҳатҳо аз корд дар бемористони ба номи Склифосовскийи шаҳри Маскав бистарӣ шуд. Бино ба иттилои намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод, шоми рӯзи 7 август ба номбурда дар наздики метрои “Рязанский проспект” – и шаҳри Маскав, ки дар ин […]

Аваз Юлдошев



Ходими дини ҷавони тоҷик, олим дар бахши омӯзиши дини ислом Хайриддини Абдулло (Достаков) бо ҷароҳатҳо аз корд дар бемористони ба номи Склифосовскийи шаҳри Маскав бистарӣ шуд.

Бино ба иттилои намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод, шоми рӯзи 7 август ба номбурда дар наздики метрои “Рязанский проспект” – и шаҳри Маскав, ки дар ин минтака манзили зисти ӯст, чанд нафари ношинос дарафтодаанд ва бо захми чанд корд ӯро аз по афтондаанд.

«Масъулини сафорат чанд маротиб дар бемористон буданд ва бо духтури навбатдор Андрей Пивень суҳбат доштанд. Вазъи Хайриддин, ки шахсони номаълум ӯро чанд корд задаанд, то ҳол вазнин арзёбӣ мешавад. Аммо ҳангоми суҳбати ахир духтури навбатдор ба ман гуфт, Хайриддин бахуд омадааст, ки ин як шуълаи умед аст барои шифо ёфтанаш»,- иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, масъули сафорат ҳамчунин бо мақомоти пулиси Маскав низ мулоқот дошта, тақозо намудааст, ки ҳарчи зудтар таҳқиқоти ин қазияро ба анҷом бирасонад, гунаҳкорони ин суиқасдро дастгир ва муҷозот намояд.

Зимнан зикр гардид, ки Хайриддини Абдуллоҳ ё Мулло Хайриддин нафари аз дониши хуби исломӣ ва фарҳангиву ахлоқӣ бархурдор аст. Нафарест, ки солҳост дар миёни ҷавонону наврасон дар мавриди исломи анъанавӣ, ахлоқи ҳамида ва фарҳанги таҳаммулпарварии исломӣ суҳбатҳо мекунад ва ба ҳамешагӣ алайҳи равияву гурӯҳҳои ифротиву радикалӣ, ки Исломро бадном мекунанд, садо баланд менамояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.