Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Оши палав» дар Душанбе

Рӯзи 22 август дар яке аз боғҳои истироҳату фарҳангу шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Оши палав» баргузор мешавад, ки дар он намояндагони тамоми 68 шаҳру навоҳии кишвар ширкат меварзанд. Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҶТ, мақсад аз баргузории Фестивал-озмун тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ буда, воситаи хубе барои ваҳдати миллӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, […]

ASIA-Plus



Рӯзи 22 август дар яке аз боғҳои истироҳату фарҳангу шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Оши палав» баргузор мешавад, ки дар он намояндагони тамоми 68 шаҳру навоҳии кишвар ширкат меварзанд.

Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҶТ, мақсад аз баргузории Фестивал-озмун тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ буда, воситаи хубе барои ваҳдати миллӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, тарбияти фарҳанги ошпазӣ ва такмили маҳорати касбии ошпазҳо ба шумор меравад. Тавассути баргузории Фестивал анъанаи ошпазӣ ва намунаҳои фарҳангу санъати марбут ба он тақвият ёфта, ба дастгирии ҳунарнармандон, ошпазон, косибон, кишоварзон ва ашхоси дигар, ки дар таҳияи масолеҳи оши палав сахмгузор мебошанд, мусоидат мекунад.

Гуфта мешавад, Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Оши палав» дар даҳаи аввали моҳи август дар миқёси ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Фестивал дар ду давр гузаронида мешавад: нахуст дар сатҳи ноҳиявӣ ошпазҳои беҳтарин ва санъаткоронӣ халқӣ интихоб шуда, ба даври дувум ё ҷумҳуриявӣ роҳ меёбанд.

Ошпазҳои беҳтарини ноҳияҳо дар макони муқарраршуда дегҳои худро гузошта, бо тамоми нозукиҳо ва ҳунарнамоиҳо оши палав пухта, дастархони намоишӣ меороянд. Ҳар ошпаз ҳамон палави хосси ноҳияи худро мепазад. Ба ҳар ноҳия гузоштани то 3 деги миёнаи ғунҷоишаш тақрибан 20 кг тавсия дода мешавад.

Доварон ба ҳунари санъаткорон, ба оши палави ошпазҳо ва шартҳои дигар баҳогузорӣ намуда, беҳтаринҳоро аз рӯйи шартҳои пешниҳодшуда интихоб менамоянд. Ҷамъбасти Фестивал худи ҳамон рӯз сурат мегирад.

Ҷоизаи асосӣ “Кафгири тиллоӣ” буда, ба ошпази беҳтарин супурда мешавад. Тибқи ҳамкории сарпарастон мукофоти пулӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ низ дода мешаванд.

Санъаткорон ва ошпазҳои бомаҳорат бо дипломҳо, ҷоизаву туҳфаҳо сарфароз хоҳанд гашт. Илова ба ин, ба ҳар як иштирокчии Фестивал сертификат дода мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.