ВКД аз боздошти гумонбарон ба қатли як оила дар Суғд хабар дод

Кормандони мақомоти корҳои дохилии виояти Суғд гумонбарон ба қатли ҳамаи аъзои оилаи Бобоевҳо дар вилояти Суғдро, ки моҳи июни соли 2013 содир шуда буд, боздошт намуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, шоми рӯзи 8 август гумонбаршудагон ба куштори як оила аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро таҳти посбонии пурзӯр […]

Аваз Юлдошев



Кормандони мақомоти корҳои дохилии виояти Суғд гумонбарон ба қатли ҳамаи аъзои оилаи Бобоевҳо дар вилояти Суғдро, ки моҳи июни соли 2013 содир шуда буд, боздошт намуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, шоми рӯзи 8 август гумонбаршудагон ба куштори як оила аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро таҳти посбонии пурзӯр ба ҷойи содир шудани ҳодиса овардаанд.

Ба иттилои манбаъ, ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокинони шаҳри Хуҷанд – паадару писар боздошт шуда, ба хотири халалдор нашудани ҷараёни тафтишот, ному насаби онҳо ифшо нагардид.

Ёдрас мекунем, ки

шаби рӯзи 2 июни соли 2013

дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ афроди номаълум як оилаи бутун, аз ҷумла се нафар ноболиғонро ба қатл расониданд.  

Ин ҳодиса дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба вуқӯъ пайваста, бо истифода аз силоҳи оташфишони автомат ҷинояткорон Аҳмадхӯҷа Бобоев, ҳамсари ӯ Ҳаётхон Бобоева, фарзандони ноболиғи онҳо – Рухшона Бобоеваи 16-сола, Суҳробҷон Бобоеви 15-сола ва Санҷарбек Бобоеви 6-соларо ба қатл расонида буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.