Дар дарёи Панҷ 9 нафар ғарқ шуданд

Шаби рӯзи 7 август дар километри 319-уми роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб-Дарвоз ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра» Мамадамонулло Ҷумъаеви 34-сола, сокини деҳаи Ширғи ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина аз бадандии 12 метр ба дарёи Панҷ сарозер рафтааст. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа худи ронанда ва мусофиронаш: Воҳидова […]

ASIA-Plus



Шаби рӯзи 7 август дар километри 319-уми роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб-Дарвоз ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра» Мамадамонулло Ҷумъаеви 34-сола, сокини деҳаи Ширғи ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина аз бадандии 12 метр ба дарёи Панҷ сарозер рафтааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа худи ронанда ва мусофиронаш: Воҳидова Оиниссо соли таваллудаш 1984, Ҷумъаева Ҳабиба соли таваллудаш 1976, Сурхова Раҳима соли таваллудаш 1982, сокинони шаҳри Душанбе, Шокирова Садбарг соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Шаҳринав, Мансури Адабҷон соли таваллудаш 2011, Наргисаи Умар соли таваллудаш 2012, Фотимаи Диловар соли таваллудаш 2014 ва Умедаи Диловар соли таваллудаш 2009, сокинони шаҳри Душанбе дар дарёи мазкур ғарқ шудаанд.

Гуфта мешавад, рӯзи 8 август ронандаи автомашинаи тамғаи “Долонг”, марди 30-солаи сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Дар ин рӯз ҳамчунин ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, марди 23-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Деҳотӣ ба самти кучаи Абайи пойтахт, дар ҳудуди кӯчаи Борбад аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард марди 42-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.