Президент қонун дар бораи шаҳрвандии Тоҷикистонро ба имзо расонид

Аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии […]

ASIA-Plus



Аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав таҳия гардида, муносибатҳоро оид ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад. Дар он асосҳо, принсипҳо, шартҳо ва тартиби соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гум кардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ» дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи нав буда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» низ дар низоми қонунгузории соҳаи маориф нав буда, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва идоракунии таҳсилоти миёнаи касбӣ, тартиби фаъолияти субъектҳои онро муқаррар намуда, ба шаҳрвандон ҳуқуқи гирифтани таҳсилоти миёнаи касбиро кафолат медиҳад.

Қонунҳои қабулгардида дар маҷмӯъ ба ҳифзи инсон ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, тавсеаи фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ, рушди илму маориф ва пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа равона карда шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.