Рӯйхати ситораҳои эстрадаи тоҷик – қоидавайронкунони ҳаракат дар роҳ



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ному насаби ситораҳои эстрадаи тоҷикро, ки чандин маротиба дар вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои пойтахт даст доштаанд, интишор намуд. Ҳамаи ин қоидавайронкуниҳо дар камераҳои видеойии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» сабт шудаанд.

Рӯйхати ситорадҳои эстрадии ба қонуншиканиҳо дар роҳҳо дастдошта дар сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон интишор шудааст.

Мутобиқи маълумотҳои РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо автомашинаи тамғаи «Тойота-Лэнд Круйзер» аломати қайди давлатиаш 6262 АС 01 аз санаи 03 ноябри соли 2013 то 07 августи соли 2015 27 далели вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо содир карда шуда, тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт сабт гардидааст.

Нисбати 12 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, расмҳои сабти видеои ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ва амрномаҳои  намунаи муқарраргардида бо зикри андозаи ҷаримаи маъмурии таъиншуда чоп карда шуда, ба соҳиби воситаҳои нақлиёт барои пардохти ҷаримаи маъмурӣ пешниҳод карда шудааст, 15 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ носупорида мондааст.

Маблағи ҷаримаи маъмурии таъиншуда 2560 сомонӣ тавассути шӯъбаҳои Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ба Буҷети давлатӣ гузаронида шуда, аз тарафи соҳиби воситаи нақлиёт Шодиев Афзалшо Султонович, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи ҷарима ба РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Аз ҷониби ронандаи автомашинаи тамғаи  «Рэнҷ–Ровер» аломати қайди давлатиаш 0007 ВР 01 аз 15 ноябри соли 2013 то 23 июни соли 2015 23 далели вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ содир карда шуда, тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт сабт гардидааст.

Нисбати 18 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, расмҳои сабти видеои ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ва амрномаҳои  намунаи муқарраргардида бо зикри андозаи ҷаримаи маъмурии таъиншуда чоп карда шуда, ба соҳиби воситаҳои нақлиёт барои пардохти ҷаримаи маъмурӣ пешниҳод карда шудааст, 5 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ носупорида мондааст.

Маблағи ҷаримаи маъмурии таъиншуда 4990 сомонӣ тавассути шӯъбаҳои Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ба Буҷети давлатӣ гузаронида шуда, аз тарафи соҳиби воситаи нақлиёт  Фарзонаи Хуршед ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи ҷарима ба РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи «Тaйотоа-Королла», аломати қайди давлатиаш 6600 АТ 01 аз санаи 02-юми ноябри соли 2013 то 01 августи соли 2015, 19 далели вайронкунии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ содир карда шуда, тавассути воситаҳои махсуси техникии Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» сабт гардидааст.

Вобаста ба 4 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, расмҳои сабти видеоии ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ва амрномаҳои намунаи муқарраргардида бо зикри андозаи ҷаримаи маъмурии таъиншуда чоп карда шуда, ба соҳиби воситаи нақлиёт барои пардохти ҷаримаи маъмурӣ пешниҳод карда шуда, 15 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ носупорида мондааст.

Маблағи ҷаримаи маъмурии таъиншуда 840 сомонӣ, тавассути шӯъбаи Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ба Буҷети давлатӣ гузаронида шуда, аз тарафи соҳиби воситаи нақлиёт Меҳринигори Рустам, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи ҷарима ба РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Аз ҷониби ронандаи автомашинаи тамғаи  «Тойота-Королла»  аломати қайди давлатиаш  0010 СО 01 Шаҳроми Абубакр аз 23 октябри соли 2014 то 02 июли соли 2015 -15 далели вайронкунии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ содир гардида, тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт сабт шудааст.

Нисбати 4 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, расмҳои сабти видеои ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ва амрномаҳои  намунаи муқарраргардида бо зикри андозаи ҷаримаи маъмурии таъиншуда чоп карда шуда, ба соҳиби воситаҳои нақлиёт барои пардохти ҷаримаи маъмурӣ пешниҳод карда шудааст, 11 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ носупорида мондааст.

Маблағи ҷаримаи маъмурии таъиншуда 700 сомонӣ тавассути шӯъбаҳои Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ба Буҷети давлатӣ гузаронида шуда аз тарафи соҳиби воситаи нақлиёт ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи ҷарима ба РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Мутобиқи маълумотҳои РБДА Вазорати корҳои дохилӣ аз ронандаи автомашинаи тамғаи «Мазда-СХ7», аломати қайди давлатиаш 8686 ВА 01 аз санаи 01-уми декабри соли 2013 то 22 июли соли 2015 – 8 далели вайронкунии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ содир карда шудааст, ки тавассути воситаҳои махсуси техникии Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» сабт гардидааст.

Айни замон, маблағи ҷаримаи маъмурии таъиншуда аз ҷониби соҳиби воситаи нақлиёт Сарвиноз Юсуфӣ пардохт нагардидааст.

Бо автомашинаи тамғаи «Порше-Кайэн»  аломати қайди давлатиаш 0008 ВВ 01 Шабнами Сурайё аз 01 феврали соли 2014 то 04 августи соли 2015 8 далели вайронкунии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ содир карда шуда, тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт сабт гардидааст. Ҳоло маблағи ҷаримаи маъмурии таъиншуда аз ҷониби соҳиби воситаи нақлиёт пардохт карда нашудааст.

Бо автомашинаи тамғаи «Лексус-IS 250» аломати қайди давлатиаш 3370 CB 01 аз 03 январ то 09 августи соли 2015 – 4 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ содир карда шудааст, ки тавассути  воситаҳои махсуси техники низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёти «Шаҳри бехатар» сабт гардидааст.

Оид ба 1 далели қоидавайронкуниҳои  ҳаракат дар роҳ расмҳои сабти видеои ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ва амрномаҳои намунаи муқарргардида бо зикри андозаи ҷаримаи маъмурии  таъиншуда, чоп карда шуда, ба соҳиби воситаи нақлиёт барои пардохти ҷаримаи маъмурӣ пешниҳод карда шудааст. 3 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ носупорида мондааст.

Маблағи ҷаримаи маъмурии таъиншуда 120 сомонӣ  тавассути шӯъбаҳои Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ба Буҷети давлати гузаронида шуда, аз тарафи соҳиби воситаи нақлиёт  Маҳмадшоева Зулайхо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи  пардохти маблағи ҷарима ба РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Аз ҷониби ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус-GX470»  аломати қайди давлатиаш 7111 AD 01 Табарова Гулрӯ аз 25 январ то 07 июни соли 2015 3 далели вайронкунии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ содир карда шуда, тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт сабт гардидааст. Айни ҳол маблағи ҷаримаи маъмурии таъиншуда аз ҷониби соҳиби воситаи нақлиёт пардохт карда нашудааст.

spot_imgspot_img

Популярное