Ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар Истамбул

Аъзои Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки аз 5 то 10 август бо даъвати раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар шаҳри Истамбул қарор доштанд, рӯзи 11 август ба Душанбе баргаштанд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҲНИТ, дар шаҳри Истамбул ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ доир гардида, дар он масъалаҳои омодагӣ ба анҷумани навбатӣ, сиёсатҳои мақомоти давлатӣ […]

ASIA-Plus



Аъзои Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки аз 5 то 10 август бо даъвати раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар шаҳри Истамбул қарор доштанд, рӯзи 11 август ба Душанбе баргаштанд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҲНИТ, дар шаҳри Истамбул ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ доир гардида, дар он масъалаҳои омодагӣ ба анҷумани навбатӣ, сиёсатҳои мақомоти давлатӣ нисбат ба ҳизб ва роҳҳои пешгирӣ аз фишору маҳдудиятҳо, инчунин, ислоҳоти эҳтимолии кадрӣ ва сохторӣ баррасӣ шуданд.

Дар ҷаласа таъкид шудааст, ки ҲНИТ чун пештара мухолифи ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар фаъолияти ҳизб ва ҷонибдорони он буда, мудом аз сиёсати таҳаммулпазирӣ кор мегирад.

Раиси ҲНИТ аз ҳайат ва ҳамаи масъулини ҳизб барои устуворӣ ва идомаи сиёсатҳои мантиқиву қонунӣ изҳори миннатдорӣ намуда, давом додани фаъолияти ҳизбро дар чорчӯби қонунҳои мавҷудаи кишвар дархост намудааст.

Дар ҷаласаи Истамбул ҳамчунин атрофи масоили вобаста ба мубориза бо ифротгароӣ ва пешгирии ҷавонон аз пайвастан ба сафи гурӯҳҳои ифротгаро низ баррасӣ гардида, таъкид шудааст, ки ҲНИТ мисли пешина фаъолияти худро дар дохил ва хориҷ барои пешгирии пайвастани ҷавонони тоҷик ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ қавитар намуда, бештар аз корҳои равшангароӣ байни муҳоҷирин ва ҷавонони дохил истифода намояд.

Гуфта мешавад, ба Шӯрои сиёсии ҳизб тавсия шудааст, ки омодагӣ ба баргузории анҷумани навбаиро шурӯъ намуда, машваратҳо ва иртиботҳо байни роҳбарият ва масьулин дар бораи ислоҳот идома дода шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.