Прокурор шикояти М.Иброҳимов оид ба истифодаи шиканҷа зимни тафтишотро месанҷад

Ҳайати мушовараи кассатсионӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии суди шаҳри Душанбе дархости адвокат дар бораи таъини санҷиши прокурории аризаи маҳкумшуда ба 17 соли зиндон, пешвои ҳаракати мухолифи ҷавонони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» Мақсуд Иброҳимов дар бораи нисбатаи ӯ аз шиканҷа кор гирифтан зимни тафтишот ҳангоми дар Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташакккили ВКД Тоҷикистон қарор доштанашро қонеъ […]

ASIA-Plus



Ҳайати мушовараи кассатсионӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии суди шаҳри Душанбе дархости адвокат дар бораи таъини санҷиши прокурории аризаи маҳкумшуда ба 17 соли зиндон, пешвои ҳаракати мухолифи ҷавонони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» Мақсуд Иброҳимов дар бораи нисбатаи ӯ аз шиканҷа кор гирифтан зимни тафтишот ҳангоми дар Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташакккили ВКД Тоҷикистон қарор доштанашро қонеъ намуд.

Абдураҳмон Шарипов, адвокати М.Иброҳимов, ки хизматгузориаш аз ҷониби Маркази мустақили ҳифзи ҳукӯқи инсон пешниҳод шудааст, ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Мақсуд Иброҳимов дар бораи нисбаташ истифода шудани шиканҷа борҳо дар мурофиаи судӣ хабар додааст.

«Аз ин рӯ, ҳангоми баргузор шудани санҷиши прокурорӣ баррасии шикояти кассатсионӣ аз болои ҳукми суд нисбати М.Иброҳимов боздошта шуд», – гуфт А.Шарипов.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 24 июн суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Мақсуд Иброҳимовро

ба 17 соли зиндон маҳкум кард.

Қаблан ВАО бо истинод ба 

 блоги

  ҳомии ҳуқуқ Надежда Атаева дар бораи 

13 соли ҳукми зиндон ба ӯ

 хабар дода буданд.

Мақсуд Иброҳимов 20 январи соли 2015 аз манзил дар шаҳри Маскав аз ҷониби афроди номаълум, эҳтимол кормандони хадамоти махсус рабуда шуд. Дар бораи рабуда шудани М.Иброҳимов нахуст ҳоми ҳуқуқи рус Николай Николаев дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дод. Баъди чанде ӯ дар Тоҷикистон пайдо шуд.

Сардори Раёсати Прокуратураи генералии ҶТ оид ба назорати қонуният дар мақомоти ВКД ва АНМН Ризо Халифазода рӯзи 30 январи соли равон дар ин робита иттилоъ дода буд, ки нисбати боздоштшуда мувофиқи якчанд моддаҳои Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, аммо дар бораи маҳз бо кадом моддаҳо айбдор шудани М.Иброҳимов саҳеҳан маълумот надод.

«Ӯро дар ҳамдастӣ доштан бо «Гурӯҳи 24» гунаҳкор мекунанд, вале ӯ инро рад намуда, тасдиқ менамояд, ки дар таъсиси «Ҳаракати демократии ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» дар Русия иштирок кардааст. Чанд рӯз қабл М.Иброҳимовро ба 13 соли зиндон маҳкум карданд», – менависад дар блоги худ Н.Атаева.

Бино ба навиштаи ҳомии ҳуқуқ, ба дархостҳои адвокати ӯ ба Хадамоти федералии муҳоҷират ва мақомоти прокуратура дар ин хусус посухе нарасидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.