Анҷоми муҳлати ваколати дипломатии сафирони Туркия ва Ҳиндустон дар Тоҷикистон



Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 12 август сафири Туркия дар Тоҷикистон Мехмет Мунис Дирикро бинобар сабаби анҷом ёфтани ваколати дипломатияш ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», др мулоқот доир ба вазъи кунунӣ ва  дурнамои  муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаҳои иқтисоду савдо, илму техника ва фарҳангу маориф табодули афкор сурат гирифта, сарвазири мамлакат  ба Мехмет Мунис Дирик барои фаъолияти пурсамар ва нақши созанда дар таҳкими робитаҳои дуҷониба сипосу минатдорӣ баён кард ва изҳори боварӣ намуд, ки дар оянда низ муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия  дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ рушду таҳким хоҳанд ёфт.

Гуфта мешавад, ҳамчунин ҳамин рӯз Қоҳир Расулзода  бо  сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Аситх Кумар  Бхаттачарджи низ бинобар анҷом ёфтани   муҳлати сафирӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  мулоқот карда, ҷонибҳо доир  ба натиҷаҳои  рушди  ҳамкории  Тоҷикистон  ва  Ҳиндустон  дар  соҳаҳои энергетика,  кишоварзӣ,  маориф  ва   тандурустӣ  табодули  афкор  намуданд.

Зимни вохӯрӣ изҳори боварӣ шуд, ки дар оянда имконоту захираҳои мавҷуда  барои  рушду  таҳкими  муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон самаранок истифода бурда мешаванд. 

spot_imgspot_img

Популярное