Қадршиносии ҷоизадори мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар ВКД

Варзишгари Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохили Тоҷикистонг Хуршед Маҷидов, ки ба наздикӣ аз мусобиқаи сатҳи байналмиллалӣ бо медали биринҷӣ ба Ватан баргашт, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳузур пазируфта шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдураҳмон Аламшозода паҳлавонро барои ноил гардидан ба ин […]

ASIA-Plus



Варзишгари Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохили Тоҷикистонг Хуршед Маҷидов, ки ба наздикӣ аз мусобиқаи сатҳи байналмиллалӣ бо медали биринҷӣ ба Ватан баргашт, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳузур пазируфта шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдураҳмон Аламшозода паҳлавонро барои ноил гардидан ба ин дастовард ва баланд бардоштани парчами кишвар дар арсаи байналмиллалӣ самимона табрику таҳният намуд.

Мавсуф қайд кард, ки танҳо бо тамрини пайваста ва сайқал додани  ҳунару маҳорат метавон ба унвонҳои баланди варзишӣ соҳиб гашт. Имрӯз, самараи заҳмату талошҳои Хуршед Маҷидов натиҷаи дилхоҳ доданд, ки онро мо дар сазовори мақоми муайян гардидани ӯ дар чунин мусобиқаи бонуфуз мебинем. Боварӣ аст, ки варзишгарони тоҷик дар оянда низ бо дастовардҳои назаррас обрӯю нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар мебардоранд.

Ёдовар мешавем, ки Хуршед Маҷидов дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни варзишгарони синнашон то 18-сола, ки рӯзҳои 5-9 августи соли равон дар Ҷумҳурии Босния ва Гертсоговина аз рӯи намуди «дзю-до» баргузор гардида буд, дар вазни беш аз 90 кило ҷойи севумро ишғол намуда, соҳиби медали биринҷӣ гашт. Хуршед дар қисмати ниҳоӣ аз ҳарифи россиягии худ шикаст хӯрд. Сипас, барои ҷойи севвум бо намояндаи Ҷумҳурии Литва рақобат намуда, баъди дастболо шудан, соҳиби ҷойи севум гардид.

Дар ин мусобиқаи сатҳи байналмиллалӣ 475 варзишгар аз 59 кишвари дунё, аз ҷумла аз Тоҷикистон 10 нафар варзишгар иштирок доштанд.

Айни замон, Хуршед Маҷидов бо дастгирии мураббиаш, устоди варзиш Иззатулло Худоиев дар заминаи маҷмааи варзишии ШҶ «Динамо»-и ВКД тамринҳои худро идома дода, барои иштирок дар Чемпионати Осиё оид ба «Дзю-до», ки моҳи октябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Таиланд дар назар дошта шудааст, омодагӣ мебинад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.