Гулӯлаҳои ҷанги Афғонистон то сарзамини Тоҷикистон расиданд



Вазорати мудофиаи Афғонистон барои партоб ва дар қаламрави Тоҷикистон таркидани ду гулӯла аз миномёти артиши Афғонистон, ки барои нобуд сохтани ҷангиёни Толибон дар минтақаи наздимарзӣ истифода шуда буданд, аз Тоҷикистон расман узр пурсид. Дар ин бора васоити ахбори умуми Афғонистон иттилоъ медиҳанд.

Тавре як манбаъ аз Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, минаҳо дар наздикии деҳаҳои ноҳияи Фархори ҳаммарз бо Афғонистон таркида, аз онҳо касе осеб надидааст.

Бино ба маълумоти ВАО-и Афғонистон бо такя ба кормнадони воломақоми сохторҳои қудратии ин кишвар, давоми як ҳафта дар натиҷаи амалиёти муваффақонаи кормандони ин сохтор ҷангиёни ҳаракати Толибон ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҳаммарз бо Тоҷикистон берун карда шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба хабари як манбаъи «Азия-Плюс» дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, ҳанӯз аввали моҳи марти соли ҷорӣ пас аз ноамн шудани вазъ дар минтақаҳои наздимарзии Афғонистон, Тоҷикистон хатти дуюми мудофиа дар ин самтро ташкил намуд. Нерӯ ва воситаҳои иловагӣ, техникаи ҷангии сохторҳои қудратии кишвар ба ин қитъаи марзи давлатӣ сафарбар шуданд.

Ғайр аз ин, моҳи май президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки барои таҳкими ҳифзи марз бо Афғонистон дар сурати зарурат сарбозону афсарони эҳтиётии артиш омода ва сафарбар карда шаванд.

spot_imgspot_img

Популярное