Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба
интишори ному насаби ситораҳои эстрадаи тоҷик,
ки чандин маротиба ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои пойтахт риоя накардаанд, идома медиҳад. Ҳамаи ин қоидавайронкуниҳо дар камераҳои видеойии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» сабт шудаанд.
Бино ба маълумоти интишоршуда дар сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон, овозхони эстрада Манижа Давлатова, ки чанд сол қабл саҳнаро тарк кард, бо автомашинаи тамғаи «Хундай» (рақ. давлатӣ 8855 ВК 01) аз 14 апрели соли 2014 то 17 июни соли 2015 дар 37 ҳолат ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя накарда, то ҳол маблағи ҳеҷ кадоме аз ин ҷаримаҳоро пардохт накардааст.
Овозхони писандидаи эстрадаи тоҷик Нозияи Кароматулло бо автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс-ML350» (рақ. давлатӣ 1234 ФЕ 01) аз 1 ноябри соли 2013 то 9 августи соли 2015 дар 38 ҳолат ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя накарда, аз рӯйи 17 далели қонуншиканӣ дар роҳ ба маблағи умумии 3160 сомонӣ ҷарима пардохт намудааст, аммо ҷаримаҳо аз рӯи боз 21 ҳолат то ҳол пардохтнашуда боқӣ мемонанд.



