Ҳабси 5 шаҳрванди Афғонистон дар пойтахт ва мусодираи беш аз 130 кило маводи мухаддир

Зимни ду амалиёти марбут ба дарёфт ва мусодираи миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддир дар пойтахт, кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон 5 шаҳрванди Афғонистон ва 1 сокини Душанберо боздошт намуданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, дар ҷараёни амалиёти якум дар автомашинаи тамғаи «Опел» 83 килову 548 грамм маводи мухаддири ҳашиш дарёфт гардида, […]

ASIA-Plus



Зимни ду амалиёти марбут ба дарёфт ва мусодираи миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддир дар пойтахт, кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон 5 шаҳрванди Афғонистон ва 1 сокини Душанберо боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, дар ҷараёни амалиёти якум дар автомашинаи тамғаи «Опел» 83 килову 548 грамм маводи мухаддири ҳашиш дарёфт гардида, аз рӯи ин далел 4 шаҳрванди Афғонистон, сокинони минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистони кишвари ҳамсоя боздошт шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар амалиёти дуюм ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 1 шаҳрванди Афғонистон ва 1 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуда, зимни кофтукови автомашинаи тамғаи «Мерседес» 48 килову 620 грамм маводи нашъаовари ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далелҳо мутобиқи моддаи 200, қ. 4-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ)  ба миқдори махсусан калон) парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, маводи ин парвандаҳо ҷиҳати тафтишоти минбаъда ба мақомоти прокуратура супурда шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.