Манижа ва Нозия ҳам дар сафи вайронкунандагони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба интишори ному насаби ситораҳои эстрадаи тоҷик, ки чандин маротиба ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои пойтахт риоя накардаанд, идома медиҳад. Ҳамаи ин қоидавайронкуниҳо дар камераҳои видеойии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» сабт шудаанд. Бино ба маълумоти интишоршуда дар сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон, овозхони эстрада Манижа Давлатова, ки чанд сол қабл саҳнаро тарк кард, […]

ASIA-Plus



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба

интишори ному насаби ситораҳои эстрадаи тоҷик,

ки чандин маротиба ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои пойтахт риоя накардаанд, идома медиҳад. Ҳамаи ин қоидавайронкуниҳо дар камераҳои видеойии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» сабт шудаанд.

Бино ба маълумоти интишоршуда дар сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон, овозхони эстрада Манижа Давлатова, ки чанд сол қабл саҳнаро тарк кард, бо автомашинаи тамғаи «Хундай» (рақ. давлатӣ 8855 ВК 01) аз 14 апрели соли 2014 то 17 июни соли 2015 дар 37 ҳолат ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя накарда, то ҳол маблағи ҳеҷ кадоме аз ин ҷаримаҳоро пардохт накардааст.

Овозхони писандидаи эстрадаи тоҷик Нозияи Кароматулло бо автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс-ML350» (рақ. давлатӣ 1234 ФЕ 01) аз 1 ноябри соли 2013 то 9 августи соли 2015 дар 38 ҳолат ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя накарда, аз рӯйи 17 далели қонуншиканӣ дар роҳ ба маблағи умумии 3160 сомонӣ ҷарима пардохт намудааст, аммо ҷаримаҳо аз рӯи боз 21 ҳолат то ҳол пардохтнашуда боқӣ мемонанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.