Пагоҳ ҲНИТ санаи баргузории анҷумани навбатиашро муайян мекунад

Шӯрои олии сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 14 август дар Душанбе сана ва макони баргузории анҷумани навбатии ҳизбро муайян мекунад. Муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар анҷумани навбатӣ раҳбарияти ҲНИТ аз фаъолияти чорсола натиҷагирӣ намуда, пешвои нави ҳизб интихоб карда мешавад. «Раҳбари нави ҳизб […]

Аваз Юлдошев



Шӯрои олии сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 14 август дар Душанбе сана ва макони баргузории анҷумани навбатии ҳизбро муайян мекунад.

Муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар анҷумани навбатӣ раҳбарияти ҲНИТ аз фаъолияти чорсола натиҷагирӣ намуда, пешвои нави ҳизб интихоб карда мешавад. «Раҳбари нави ҳизб дар муҳлати навбатиро танҳо анҷуман муайян мекунад ва айни замон пешгӯиҳо дар ин маврид барвақт аст», – таъкид дошт Ҳайит.

Ёдрас мекунем, ки баъд аз нокомӣ дар интихоботи парлумонии моҳи марти соли равон дар Тоҷикистон, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба хориҷи кишвар раҳсипор гардида, аллакай муддати беш аз 5 моҳ аст, ки асосан дар Туркия иқомат дорад.

Бо ишора ба фишори афзояндаи ҳукуматдорон болои аъзои ҳизб, раҳбарияти ҲНИТ оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати Муҳиддин Кабирӣ пас аз бозгашт ба ватанро аз эҳтимол дур намедонад.

Дар ҳамин ҳол, Прокуратураи генералии Тоҷикистон

изҳор намуд,

ки айни замон нисбати раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ парвандаи ҷиноӣ боз нашудаааст. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода низ дар ин робита изҳор намуд, ки ба пешвои ҲНИТ дар Тоҷикистон ҳеҷ хатаре вуҷуд надорад.

Ёдрас мекунем, ки 

Муҳиддин Кабирӣ дар конфронси байнулмилалӣ 

таҳти унвони «Осиёи Марказӣ: таҳдидҳои муосир», ки рӯзи 17 июн дар шаҳри Маскав доир гардид, 

изҳор намуда буд

, ки мутмаин аст, дар ватан ба ӯ ҷавобгарии ҷиноӣ таҳдид карда метавонад.

Рӯзи 16 июни соли равон нашрияи ҳукумат «Ҷумҳурият» таҳти унвони 

«Асрори пушти пардаи тиҷорати Кабирӣ» 

маводе ба чоп расонид, ки дар он раиси ҲНИТ ба ғайриқонунӣ хусусигардонии қитъаҳои замин ва иншооти давлатӣ айбдор карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.