Иштироки нозирони тоҷик дар интихоботи парлумонии Қирғизистон



Аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷиҳати иштирок дар мониторинги байнулмилалӣ, омодагӣ ва баргузории маъракаи интихобот ба парлумони Қирғизистон сафарбар шудани намояндагони Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон расман даъватнома расид.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки намояндагони Тоҷикистон ба ҳайати нозирони миссияи Кумитаи иҷроияи ИДМ шомил хоҳанд шуд. «Аз эҳтимол дур нест, ки намояндагони Тоҷикистон ба ҳайати миссияҳои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва Созмони ҳамкории Шанхай низ дохил карда шаванд», – қайд кард Додозода.

Зимнан таъкид гардид, ки ҳайати намояндагони Тоҷикистон ба сифати нозирони интихоботи парлумонии Қирғизистон аввали моҳи сентябр маълум мешавад.

Қобили зикр аст, ки Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон рӯзи 2 август қабули дархостҳо барои иштирок дар интихоботи парлумонии соли 2015-ро ба итмом расонида, намояндагони 34 ҳизб ният доранд, ки дар парлумони оянда ба курсиҳо соҳиб шаванд.

То 25 август ҳизбҳо бояд гаравпулии интихобот дар ҳаҷми 5 млн. сомро пардохт намуда, то 20 август рӯйхати номзадҳо ба вакилиро пешниҳод намоянд.

Бо фармони президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев маъракаи интихобот ба Жогорку Кенеш даъвати шашум ба санаи 4 октябри соли 2015 таъин шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное