Ниши Бисвал: Мо истиқлолияти кишварҳои Осиёи Марказиро дастгирӣ мекунем

Рӯзи панҷшанбе дар бинои сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон конфронси матбуотии он-лайни ёвари котиби давлатии ИМА оид ба масоили Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Ниши Десаи Бисвал аз Вашингтон доир гардид, ки дар он ба масъалаи баррасии стратегияи мавриди амал қарордоштаи ИМА дар минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Н.Бисвал зимни нишасти хабарӣ дар ин […]

Лилия Гайсина



Рӯзи панҷшанбе дар бинои сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон конфронси матбуотии он-лайни ёвари котиби давлатии ИМА оид ба масоили Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Ниши Десаи Бисвал аз Вашингтон доир гардид, ки дар он ба масъалаи баррасии стратегияи мавриди амал қарордоштаи ИМА дар минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Н.Бисвал зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки омили аслии страгияи ИМА дар Осиёи Марказӣ дар дастгирии соҳибистиқлолӣ ва амнияти кишварҳои минтақа ифода меёбад. Ғайр аз ин, ӯ қайд кард, ки айни замон Кохи Сафед давраи гузариш дар Афғонистонро низ бодиққат пайгирӣ дорад.

«Ин раванд ба кишварҳои минтақа барои ҳамгиройӣ ва ҳамкорӣ имконоти нав фароҳам меоварад. Ман шоҳид будам, ки дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ робитаҳо зиёданду ҳамгиройӣ низ ба таври кофӣ роҳандозӣ шудааст, вале имконоти онро боз ҳам метавон истифода кард», – гуфт вай.

Н.Бисвал зикр кард, ки бо назардошти мушкилоти ҷойдошта дар минтақа, ҳамгиройӣ дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ натиҷаи мусбат ба бор хоҳад овард. «ИМА ба бахши энергетикаи минтақа таваҷҷуҳи зиёд дорад, дар амалисозии лоиҳаи сохтмони CASA низ пешравиҳои зиёд ба назар мерасанд, мо лоиҳаҳои рушди зербиноро дастгирӣ мекунем», – иброз дошт номбурда.

Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки ИМА ба мушкилоти минтақа, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир муносибати ҷиддӣ дошта, дар мубориза бо ин падидаҳо иштирок мекунад.

«ИМА дар ин минтақа манфиатҳои дарозмуҳлатро пайгирӣ мекунад, мо соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзии кишварҳои минтакаи Осиёи Марказиро дастгирӣ мекунем. Муддати 24 сол аст, ки кишварҳои минтақа ҳамкори моянд ва мо ба ин шарикӣ назари нек дорем», – қайд кард Н.Бисвал.

Дар ҳамин ҳол, дар посух ба саволи журналистон дар бораи муташанниҷ шудани вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон Н.Бисвал изҳор кард, ки ИМА барои таҳким бахшидан ба имконоти артиши Афғонистон бо онҳо ҳамкории зич дошта, бо ҳукумати Тоҷикистон низ дар ин самт ҳамкорӣ мекунад. «Мо барои таҳкими муҳофизати марз ҳамкориҳоро идома дода, таъмини амният дар Афғонистонро дастгирӣ хоҳем кард», – афзуд номбурда. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон тариқи хати CASA-1000 тобистони соли оянда оғоз мешавад

Инро намояндагони ширкати паймонкори қитъаи афғонистонии хатти интиқоли барқи байниминтақавӣ ваъда медиҳанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.