Иштироки нозирони тоҷик дар интихоботи парлумонии Қирғизистон

Аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷиҳати иштирок дар мониторинги байнулмилалӣ, омодагӣ ва баргузории маъракаи интихобот ба парлумони Қирғизистон сафарбар шудани намояндагони Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон расман даъватнома расид. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки намояндагони Тоҷикистон ба ҳайати нозирони миссияи Кумитаи […]

Аваз Юлдошев



Аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷиҳати иштирок дар мониторинги байнулмилалӣ, омодагӣ ва баргузории маъракаи интихобот ба парлумони Қирғизистон сафарбар шудани намояндагони Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон расман даъватнома расид.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки намояндагони Тоҷикистон ба ҳайати нозирони миссияи Кумитаи иҷроияи ИДМ шомил хоҳанд шуд. «Аз эҳтимол дур нест, ки намояндагони Тоҷикистон ба ҳайати миссияҳои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва Созмони ҳамкории Шанхай низ дохил карда шаванд», – қайд кард Додозода.

Зимнан таъкид гардид, ки ҳайати намояндагони Тоҷикистон ба сифати нозирони интихоботи парлумонии Қирғизистон аввали моҳи сентябр маълум мешавад.

Қобили зикр аст, ки Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон рӯзи 2 август қабули дархостҳо барои иштирок дар интихоботи парлумонии соли 2015-ро ба итмом расонида, намояндагони 34 ҳизб ният доранд, ки дар парлумони оянда ба курсиҳо соҳиб шаванд.

То 25 август ҳизбҳо бояд гаравпулии интихобот дар ҳаҷми 5 млн. сомро пардохт намуда, то 20 август рӯйхати номзадҳо ба вакилиро пешниҳод намоянд.

Бо фармони президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев маъракаи интихобот ба Жогорку Кенеш даъвати шашум ба санаи 4 октябри соли 2015 таъин шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.