Корманди Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ)-и Русия барои лату кӯби муҳоҷири тоҷик ба 3 соли зиндон маҳкум шуд.
Бино ба
иттилои
Кумитаи тафтишоти Русия, далелҳои ҷамъоварда аз ҷониби шуъбаи тафтишоти Раёсати тафтишоти Ҷумҳурии Саха (Якутия) барои содир шудани ҳукм нисбати корманди ХФМ дар Ҷумҳурии Саха оид ба айбдорӣ дар баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ бо истифодаи зӯроварӣ кофӣ аст.
Муайян карда шудааст, ки рӯзи 27 июни соли ҷорӣ сарнозири ХФМ шаҳрванди Тоҷикистонро барои баёнот додан дар бораи баргузории корҳои сохтмон ба назди худ даъват мекунад. Шаҳрванди Тоҷикистон аз вақти таъиншуда каме дертар меояд ва барои ин сарнозир ошкоро бо баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ба қафаси синаи ӯ зарба мезанад, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳат бардоштааст.
«Айбдоршаванда ба гуноҳаш дар содир намудани ин ҷиноят иқрор нашуд, вале далелҳои дар рафти тафтишоти пешакӣ ҷамъоваришуда кофӣ буданд, ки ӯ мавриди муҷозот қарор гирад», – баён мегардад дар маълумот.
Гуфта мешавад, судшаванда айбдор эътироф гардида, ба 3 соли зиндони низомаш умумӣ ва ба муддати 3 сол маҳрум шудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои давлатӣ дар низоми идоракунии ХФМ маҳкум карда шудааст.



