Пирӯзии журналист аз Хуҷанд дар озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарини сол»

Дар шаҳри Душанбе бахшида ба соли оила озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарини сол» байни бонувони кишвар баргузор гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, дар озмун аз вилояти Суғд се нафар кадбонуҳои беҳтарин ширкат намуданд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ шаҳри Хуҷандро дар ин озмун журналисти шинохта Ҳадя Набизода намояндагӣ намуд. Озмун дар […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Душанбе бахшида ба соли оила озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарини сол» байни бонувони кишвар баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, дар озмун аз вилояти Суғд се нафар кадбонуҳои беҳтарин ширкат намуданд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ шаҳри Хуҷандро дар ин озмун журналисти шинохта Ҳадя Набизода намояндагӣ намуд.

Озмун дар Боғи ботаники шаҳри Душанбе баргузор гашта дар он аз ҳар минтақаи кишвар се нафарӣ иштирок доштанд. Тибқи низомнома иштирокчиён бояд ду намуди хӯроки миллии қадимаи тоҷикӣ ва хӯроки аврупоӣ, ҳамчунин ширинию кулчақанд, ҳалво нӯшоба, шарбат омода намуда тарзу усули хоси оро додани дастурхонро пешкаш менамуданд.

Кадбонуи Хуҷанд Ҳадя Набизода ба ҳозирон ва ҳайати ҳакамон хӯроки «Кичирии Хуҷанд», ҳалвои кадугӣ, нӯшобаи хуч бо чойкаҳак хуришҳои мевагӣ ва дигар намудҳои гуногуни ғизоро пешкаш намуда, хусусиятҳои табобатӣ, таъсири мусбии он ба ҳолатҳои равонии инсонро муаррифӣ намуд. Ба ҳайати ҳакамон хусусан маводи ғизоӣ аз сабзавоту меваҷот омода намудаи Ҳадя Набизода, ки хавфи ба бемории саратон дучор шудани инсонро кам мекунад, писанд омад ва аз ҷониби онҳо баҳои баланд гирифт.

Дар ниҳоят кадбонуи хуҷандӣ сазовори ҷойи аввал гашта соҳиби тӯҳфаҳои хотиравӣ ва дипломи озмун гашт. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.