Ҳукми 3 соли зиндон ба корманди ХФМ Русия барои лату кӯби муҳоҷири тоҷик

Корманди Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ)-и Русия барои лату кӯби муҳоҷири тоҷик ба 3 соли зиндон маҳкум шуд. Бино ба иттилои Кумитаи тафтишоти Русия, далелҳои ҷамъоварда аз ҷониби шуъбаи тафтишоти Раёсати тафтишоти Ҷумҳурии Саха (Якутия) барои содир шудани ҳукм нисбати корманди ХФМ дар Ҷумҳурии Саха оид ба айбдорӣ дар баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ бо истифодаи […]

ASIA-Plus



Корманди Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ)-и Русия барои лату кӯби муҳоҷири тоҷик ба 3 соли зиндон маҳкум шуд.

Бино ба

иттилои

Кумитаи тафтишоти Русия, далелҳои ҷамъоварда аз ҷониби шуъбаи тафтишоти Раёсати тафтишоти Ҷумҳурии Саха (Якутия) барои содир шудани ҳукм нисбати корманди ХФМ дар Ҷумҳурии Саха оид ба айбдорӣ дар баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ бо истифодаи зӯроварӣ кофӣ аст.

Муайян карда шудааст, ки рӯзи 27 июни соли ҷорӣ сарнозири ХФМ шаҳрванди Тоҷикистонро барои баёнот додан дар бораи баргузории корҳои сохтмон ба назди худ даъват мекунад. Шаҳрванди Тоҷикистон аз вақти таъиншуда каме дертар меояд ва барои ин сарнозир ошкоро бо баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ба қафаси синаи ӯ зарба мезанад, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳат бардоштааст.

«Айбдоршаванда ба гуноҳаш дар содир намудани ин ҷиноят иқрор нашуд, вале далелҳои дар рафти тафтишоти пешакӣ ҷамъоваришуда кофӣ буданд, ки ӯ мавриди муҷозот қарор гирад», – баён мегардад дар маълумот.

Гуфта мешавад, судшаванда айбдор эътироф гардида, ба 3 соли зиндони низомаш умумӣ ва ба муддати 3 сол маҳрум шудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои давлатӣ дар низоми идоракунии ХФМ маҳкум карда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.