Боздиди волидони сарбозони Хуҷанд аз қисмҳои ҳарбии минтақаи ҷануб



Бо мақсади беҳтар намудани сифати даъвати ҷавонон ба сафи Қӯшунҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, ҳамчунин тибқи супориши раиси шаҳри Хуҷанд Рачаббой Аҳмадзода ҳафтаи равон гурӯҳи 30 нафараи волидайн аз ҳоли фарзандони худ, ки дар қисмҳои низомии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ, ВМКБ хизмат менамоянд, хабар гирифтанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, гурӯҳи волидайнро намояндагони Мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва комиссариати ҳарбии маркази вилоят ҳамроҳӣ намуданд.

Гуфта мешавад, онҳо аз 13 қисми низомӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Қӯрғонтеппа, Хоруғ ва ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайра дидан намуда, имкон доштанд, ки бо фарзандони худ вохӯрда аз шароити зист, таъмини хӯрокаю ҳаёти сарбозии онҳо бевосита ошно шаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки барои баргузории ин мулоқот аз ҷониби Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд зиёда аз 18 ҳазор сомонӣ ҷудо гаштааст.

spot_imgspot_img

Популярное