Коршинос: Бидуни сармоягузории беруна бунёди нерӯгоҳи Роғун ғайриимкон аст

Коршиноси амрикоӣ оид ба Осиёи Марказӣ Брюс Панер бар ин назар аст, ки бидуни ҷалби маблағгузории беруна Тоҷикистон лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғунро амалӣ карда наметавонад. Ба андешаи ӯ, барои мустақилона сармоягузорӣ кардан ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун Тоҷикистон воситаҳо надорад. «Сармоягузорони имконпазири хориҷӣ аз вориди баҳс шудан миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон андеша карда, аз иштирок дар лоиҳаи […]

ASIA-Plus



Коршиноси амрикоӣ оид ба Осиёи Марказӣ Брюс Панер бар ин назар аст, ки бидуни ҷалби маблағгузории беруна Тоҷикистон лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғунро амалӣ карда наметавонад.

Ба андешаи ӯ, барои мустақилона сармоягузорӣ кардан ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун Тоҷикистон воситаҳо надорад. «Сармоягузорони имконпазири хориҷӣ аз вориди баҳс шудан миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон андеша карда, аз иштирок дар лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳ худро канор мегиранд, ҳарчан Эрон гоҳ-гоҳ ба иштирок дар лоиҳа ҳавасмандӣ зоҳир мекунад», – гуфтааст Брюс Панер ба агентии иттилоотии озарбойҷонии

Trend

тариқи почтаи электронӣ.

Коршинос қайд кардааст, ки ба мухолифати Ӯзбекистон нисбати сохтмони ин иншоот якчанд сабабҳо вуҷуд дорад. «Аввал, Ӯзбекистон чунин мешуморад, ки сохтмони чунин сарбанди баланд дар минтақаи фаъоли сейсмикӣ (зилзила) хатарнок аст ва агар сарбанд рахна шавад, минтақаҳои поёноби маҷро, аз ҷумла минтақаҳои шарқи Ӯзбекистон зери об мемонанд», – иброз доштааст коршинос.

Панер дар идома зикр кардааст, ки Ӯзбекистон бар ин назар аст, ки ҳангоми пур кардани обанбори нерӯгоҳ ба дарёи Амударё камтар об ҷорӣ мешавад, ки ин ба бахши кишоварзии минтақаҳои поёноби Ӯзбекистон таъсири манфӣ мерасонад.

«Боз як сабабаи дигари мухолфиати Ӯзбекистон дар он ифода меёбад, ки дар сурати анҷоми сохтмони нерӯгоҳ, Тоҷикистон натанҳо барои истифодаи дохилии худ, балки ба содироти нерӯи барқ ба Афғонистону Покистон ва шояд ҳатто Ҳиндустон ҳам имкони кофӣ пайдо мекунад», – қайд кардааст коршинос.

Ӯ таъкид доштааст, ки «Ӯзбекистон ҳам ҳамин тавр карданӣ аст, вале агар нерӯгоҳи Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт сохта шавад, ӯ дигар чунин имконро пайдо нахоҳад кард».

Дар навбати худ, гуфтааст дар идома Панер, Тоҷикистон тасдиқ мекунад, ки ҳатто агар заминларза рух диҳад ҳам, нерӯгоҳи Роғун бехатар хоҳад буд ва исрор меварзад, ки ҳангоми пур кардани обанбор ба Ӯзбекистон ҳеҷ зиёне намерасад (бо назардошти ҳаҷми обанбор, ин кор метавонад муддати якчанд сол идома ёбад).

Бино ба

маълумоти Вазорати молияи ҶТ

, шурӯъ аз соли 2007 бо таъсиси ҶСК «НБО Роғун» ба идомаи сохтмони ин иншоот беш аз 6 млрд. 435 млн. сомонӣ маблағ равона гардид. Ғайр аз ин, барои харидории таҷҳизоти нерӯгоҳи Роғун аз ҳисоби воситаҳои бадастомада аз фурӯши саҳмияҳои ҶСК «НБО Роғун» ҳудуди 327 млн. сомонӣ маблағ масраф шудааст.

Дар маҷмӯъ аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун ҳудуди 860 млн. сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шуд, ки қисмате аз ин воситаҳо дар суратҳисобҳои амонатии бонкҳои ҷумҳурӣ гузошта шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.