Раиси пойтахт иттифоқҳои касабаро ба ҳимояи ҳуқуқҳои коргарон даъват кард

Дар мақомоти шаҳрдории Душанбе рӯзи 17 август таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев машварати корӣ доир гардида, дар он масъалаи ба истифода додани иншоот ба муносибати ҷашни истиқлоли ҷумҳурӣ баррасӣ шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, ба мунсибати ҷашни солгарди навбатии истиқлолияти кишвар дар шаҳри Душанбе […]

Аваз Юлдошев



Дар мақомоти шаҳрдории Душанбе рӯзи 17 август таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев машварати корӣ доир гардида, дар он масъалаи ба истифода додани иншоот ба муносибати ҷашни истиқлоли ҷумҳурӣ баррасӣ шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, ба мунсибати ҷашни солгарди навбатии истиқлолияти кишвар дар шаҳри Душанбе ба маблағи умумии 1 млрд. сомонӣ як қатор иншооти гуногуни таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифта, зиёда аз 1 ҳазор нафар бо ҷойҳои корӣ дар онҳо таъмин карда мешаванд. Дар машварат ҳамчунин масъалаи омодагии шаҳри Душанбе ба нишасти сарони кишварҳои узви СААД, ки рӯзи 15 сентябр доир мегардад, низ баррасӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, зимни машварат раиси пойтахт аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон даъват кардааст, ки оид ба шароити кор дар тамоми корхонаҳои шаҳр санҷиши ҳамаҷониба гузаронида, бобати таъмини ҳуқуқҳои коргарон тадбирҳои амалӣ андешида шавад.

Зимнан зикр гардид, ки раиси пойтахт ҳамчунин ба масъалаҳои саривақт аз қаламрави пойтахт берун бурдани партовҳои маишӣ ва омодагии мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳр ба соли нави хониш низ таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.